Беш аз 900 нафар ӯзбекистонӣ аз Волгоград ба роҳ даромаданд

Беш аз 900 нафар ӯзбекистонӣ аз Волгоград ба роҳ даромаданд


938 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз вилояти Волгогради Русия бо қатора ба ватан бармегарданд.
Бино ба хабари намояндаи роҳи оҳани Русия, ӯзбекистониён шаби гузашта, ба вақти маҳаллӣ дар соати 21.57 ба роҳ даромаданд. Ин панҷумин қатора аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз Волгоград ба ватан бармегардонад. То ҳол 4,5 ҳазор шаҳрванди кишварамон ин вилоятро тарк карданд. Масъалаи баргардондани дигар ӯзбекистониён аз ин вилоят ҳоло баррасӣ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир 450 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон дар маркази фарҳангии мусалмонон дар маркази Волгоград боқӣ мондаанд. онҳо бо ҷойи хоб ва хӯрокворӣ таъмин шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ