Баёнияи муштараки сарони кишварҳои минтақа дар бораи вазъияти Қирғизистон

Баёнияи муштараки сарони кишварҳои минтақа дар бораи вазъияти Қирғизистон

  • Post category:Ҷаҳон


Раисҷумҳурони Ӯзбкистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар бораи вазъияти Қирғизистон баёнияи муштарак доданд.
Ин баёния дар сайти расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мунташир шуд.
Дар баёния гуфта мешавад, “ Мо ҳамчун ҳамсояҳои наздик бо дӯстиву риштаҳои умумии фарҳангӣ ва маънавии чандсадсола бо ҳам пайвандем. Мо дар чунин рӯзҳои душвор мардуми Қирғизистонро барои нишон додани донишмандӣ дар нигоҳдории осудагӣ ва барқарорӣ даъват мекунем…
Рушду шукуфоии Қирғизистон барои амнияти минтақаӣ ва рушди устувори тамоми Осиёи Марказӣ омили муҳим аст. Кишварҳои мо таърихи умумӣ доранд ва ҳоло ояндаи умумӣ месозанд. Хоҳиши сулҳу осоиштагӣ ва бунёдкории доимӣ барои фаровонии насли оянда мардуми Осиёи Марказиро таърихан муттаҳид мекунад…
Мо аз роҳи таҳкимсозии ҳамбастагии Осиёи Марказӣ меравем ва ҳамеша кӯшиш ба якпорчагӣ, оромӣ, рушди мустақилона ва фаровонии мардуми Қирғизистонро пуштибонӣ мекунем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ