Журналист дар вазъиятҳои зиддиятнок чӣ гуна бояд амал намояд? Ф.ШУКУРОВ


Аз ҷониби Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «Таъмин намудани осоиштагиву барқарорӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» ва бо мақсади ноил гардидан ба тайёрнамоии маводи сифатнок дар давоми соли 2020, дар миқёси мамлакатамон гузарондани тренингҳо ба нақша гирифта шудааст. Тренингҳои мазкур таҳти унвонҳои «Журналистика дар вазъиятҳои зиддиятнок» ва «Инъикоси масъалаҳои терроризм ва экстремизм» дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ ва Хоразм баргузор мегардад.
Ба муносибати пандемия дар шароити карантини ҷоригардида, тренингҳо дар шакли онлайн ташкил карда шуданд. Тренинги навбатӣ, ки барои вакилони ахбори оммавӣ ва ҷамъияти шаҳрвандии вилоятамон ба нақша гирифта шуда буд, дар меҳмонхонаи «Registon»-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид.
Маълум, ки имрӯз аз ҷониби ВАО ва фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ дар байни аҳолӣ дуруст фаҳмондани моҳияти терроризм ва экстремизми зӯроварӣ, ки ба мавҷудияти ҳамҷамъияти дунявӣ ва тараққиёти он таҳдид карда истодааст, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин сабаб, ВАО ва фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ тавассути фейк-­хабарҳо, усулҳои факт-­чекинг роҳҳои мубориза бар зидди терроризм, ҷиҳатҳои динии экстремизм ва радикализм, ки ба терроризм бурда мерасонад, усулҳои «ба дом афтондан»-и гурӯҳҳои экстремистӣ, асосҳои қонунии мубориза бар зидди терроризм дар Ӯзбекистон, зиддиятҳои динӣ барин масъалаҳои муҳимро бояд ба аҳолӣ фаҳмонанд. Барои ин бошад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО эҳтиёткорона равшан кардани хусусиятҳои ба худ хоси хавфи терроризм зарур мебошад.
Чунин масъалаҳоро аз худ намудани журналистон ва фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ аҳамияти рӯзмарра дорад, зеро онҳо дар давоми фаъолияти худ масъалаҳои терроризм ва экстремизми диниву зӯровариро амиқ дарк мекунанд. Мақсади асосии лоиҳа низ аз он иборат аст, ки журналистон ва фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ ба воситаи таҳлили масъалаҳои мазкур барои тайёр кардани маводи медиасаводхонии аҳолӣ маҳорати амалии заруриро дар худ ташаккул диҳанд.
Дар давоми машғулот тренерони Маркази бозомӯзии журналистони Ӯзбекистон, дотсенти факултаи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон Наргис Қосимова ва журналист Муҳайё Саидова бо усулҳои равшаннамоии мавзӯъҳо, муҳокимаҳои продакшен, машқҳои интеллектуалӣ, дар асоси кейсҳо бо гурӯҳҳои хурд кор кардан, саволу ҷавоб, гузаронидани пост-­тести survey monkey ва ғайра бозомӯзиро шавқовар ва муфид гузаронданд. Иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои рӯзмарра, мисли таърих ва типологияи терроризм ва зӯроварӣ, мавқеи нарратив ва контрнарратив, масъалаи гендер, муаммои занону кӯдакони аз лагерҳои Сурия баргашта, технология ва воситаҳои нав дар равшаннамоии вазъиятҳои зиддиятнок, бехавфии рақамӣ ва ҷисмонӣ, инқирози коммуникатсия, роҳҳои ба вуҷуд овардани контент дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмиш ва маҳорати худро афзуданд.
Дар машғулоти тренинг ходими Садорати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми СКД вилояти Самарқанд, капитани Шоҳислом Набиев ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Лоҳутӣ»-и шаҳри Самарқанд Ӯткир Умирқулов маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гардонданд Лоиҳа аз ҷониби Иттифоқи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ