Ҳилола Умарова раиси Агентии мактабҳои президентӣ таъин гардид

Ҳилола Умарова раиси Агентии мактабҳои президентӣ таъин гардид


Ҳилола Умарова раиси нави Агентии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосёфта таъин шуд. Дар ин бора Танзила Норбоева, раиси Сенати Олий Маҷлис хабар дод.
Ҳилола Умарова то имрӯз мудири мактаби ихтисосёфтаи Муҳаммад ал Хоразмӣ буд. Ҳамчунин, ӯ дар вазифаи менежери асосии донишгоҳи Инҳа кор кардааст.
Сарвар Бобохӯҷаев, раиси собиқи Агентии мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосёфта чанде пеш ректори донишгоҳи технологияҳои ахборотии Тошканд таъин шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ