Бо қарори Жээнбеков ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод


Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи истеъфои ҳукумати кишвар қарор қабул кард.
Бо ин қарор Қубатбек Боронов, сарвазири Қирғизистон ва тамоми ҳукумат истеъфо доданд.
Ҳамчунин, Орозбек Опумбаев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ бо қарори раисҷумҳур барканор шуд.
Дар ҳоли ҳозир Садир Ҷапаров ва Омурбек Бабанов номзадҳои асосӣ ба мақоми сарвазир мебошанд.
Чанде пеш худи Жээнбеков эълон карда буд, ки омода аст баъди ором шудани вазъияти кишвар истеъфо диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ