Баланд гардидани обрӯйи муаллим танҳо ба маош вобаста аст?

Баланд гардидани обрӯйи муаллим танҳо ба маош вобаста аст?

  • Post category:Маориф

Раҳнамои ҳаёт
Иззату ҳурмати табибон ва омӯзгорон аз давраҳои қадим инҷониб баланд буд. Соҳибони ин касбу кор аз тарафи халқ эътироф ва аз ҷониби давлат дастгирӣ мешуданд. Табибон саломатии инсонро посбонӣ карда, аз марг наҷот диҳанд, омӯзгорон рӯҳи насли наврас­ро табобат карда, илму дониш меомӯзонанд, ҷаҳонбиниашро васеъ сохта, ба ташаккули одобу ахлоқи ҳамида ёрӣ мерасонанд ва ба ҳаёти мустақилона омода месозанд.
– Ман дар оилаи муаллим ба воя расидаам, – мегӯяд сарвари Хона-­музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ Муқимҷон Орифӣ. – Бисёр гузаштагони мо муаллимӣ кардаанд. Падарам, Олимҷон Орифӣ, ки соли 1913 таваллуд шудаанд, яке аз поягузорони маорифи халқ будаанд. Дар маҳви бесаводии меҳнаткашон ҳисса гузоштаанд. Он кас бо Воҳид Абдулло якҷоя дар Омӯзишгоҳи педагогии мардона якҷоя хондаанд. Падарам нақл мекарданд, ки мо ҳам мехондему ҳам дар мактаб ба бачаҳо дарс медодем. Он солҳо обрӯйи муаллим дар байни халқ ниҳоят баланд ва эътибори давлат ҳам калон буд. Барои мо ошхонаҳои махсус ташкил карда буданд, ки ба 2 тин хӯрокҳои якуму дуввуму саввум мехӯрдем. Агар гӯсфанди нағз дар бозор 7 сӯм бошад, моҳонаи мо 350 сӯмро ташкил мекард. Одами бадавлат муаллим ба ҳисоб мерафт. Ба маъракаҳо равем, «муаллим омаданд», гуфта, аз ҷой хеста, моро аз пешгоҳи маърака мешинонданд. Ҳатто ҳар як падару модар мехост, ки духтараш ба муаллим ба шавҳар барояд…
Дар маркази диққат
Муаллим доимо дар маркази диққати ҳамагон аст. Мардум ба ахлоқу одоб ва кирдору рафтори онҳо пайравӣ мекунанд. Тамоми падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон дар мактаб нағз хонда, соҳиби илму дониш шавад, хушодобу ахлоқ гардад ва дар ҷамъият мавқеи муносиби худро ёбад. Бинобар ҳамин, бо ҳурмату эҳтиром ба омӯзгор менигаранд. Мактабро ҳамчун макони илму дониш медонанд ва ба муаллим умедҳои калон мебанданд.
Ҳамаи мо калонсолон пеш ё қафо дар мактабҳо хондаем. Доимо солҳои мактабхониамонро ба ёд меорем, диламон ба давраҳои бачагиву мактабхонӣ гум мезанад. Овони мактабхонии мо аксари омӯзгорон мард буданд. Ба истиснои баъзе муаллимони «тасодуфӣ» дарсҳояшонро аз таҳти дил мегузаштанд. На танҳо дар мактаб, балки дар дигар ҷойҳо ҳурмату эҳтироми омӯзгор ба ҷо оварда мешуд. Барои хонандагон баҳои «2» гирифтан доғи аҳли оила ҳисоб меёфт. Ягон нафар дар синфаш монад – ор медонистанд. Хонандагону муаллимон оилаи аҳлу тифоқро ба хотир меоварданд. Муаллимаву муаллимон нисбат ба хонандагон модаронаву падарона ғамхорӣ мекарданд.
Бе ҳеҷ гуна рағбатноксозӣ бо талабаву толибагони сустхон пас аз дарсҳо машғулотҳои иловагӣ мегузарониданд. Ба хонаи бачаҳо рафта, алоқаи байни мактабу хонаводаро мустаҳкам мекарданд.
Пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ давраи нав иқтисоди бозоргонӣ сар шуд. Дар ин давр оҳиста-­оҳиста ҷойи арзишҳои маънавиро бизнес, даромад, пул кор кардан, бой шудан, сарватғундорӣ гирифтанд. Эътибор ба мактабу маориф батадриҷ суст гашт. Таъмири мактабҳо ба ном гузаронида шуда, ягон-­ягон мактабҳои нави замонавӣ сохта шуданд. Ин соҳаи ниҳоят муҳим ба ҳоли худ гузошта шуд. Дар натиҷаи ба ҳар гуна корҳои ғайритаълимӣ ҷалб кардани омӯзгорону мактаббачагон, камии маоши муаллимон, коғазпуркуниҳои барзиёд як қисми омӯзгорони ҷинси мард касби дӯстдоштаи худро тарк ва муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр карданд. Дар баъзе мактабҳо муаллимони мардина ангуштшумор монданд. Ҳамаи ин ба сифати таълиму тарбия таъсир расонд. Обрӯю нуфузи омӯзгорон коҳид.
Дар атрофи ин мавзӯъ муаллимае, ки зикри ному фамилияашро нахост, чунин изҳор кард:
– Муаллимӣ касби пуршараф аст. Ман фахр мекунам, ки қариб 40 соли ҳаётамро ба таълиму тарбияи фарзандони мардум бахшидам. Ҳоло нафақахӯр бошам, ки шогирдон ҳурмату эҳтиром менамоянд. «Муаллима» гӯён ба маъракаҳояшон хабар мекунанд, бо мошин бошанд, то ба манзили даркорӣ бурда мондан мехоҳанд.
Дар ҷамъият ҳамеша обрӯю нуфузи муаллим бояд баланд бошад. Маҳз муаллим ба кӯдакон сабақ омӯхта, раҳнамои ҳаёташон мегардад. Вале солҳои пеш қадру қимати омӯзгор паст гардид. Ба пахта бурданд, корҳое, ки ба фаъолияти педагогӣ умуман дахл надошт, ба муаллимон фармуданд, ҳатто ба кӯчарӯбӣ маҷбур сохтанд. Ин аз як тараф шаъну шӯҳрати омӯзгоронро резонда бошад, аз тарафи дигар ба сифати таълиму тарбия, дарсазхудкунии хонандагон, ҷаҳонбинии бачаҳо таъсири манфӣ расонид. Барои ҳамин бисёр педагогҳои боистеъдоду моҳир аз баҳри касби дӯстдоштаашон баромаданд.
Шукри Худо, ки солҳои охир вазъият дигар шуда истодааст. Моҳонаи муаллимонро баланд бардоштанд. Корҳои барзиёд ва ба пахта рафтани хонандагону муаллимон барҳам хӯрд. Ҳоло талабот аз муаллимон зиёд шудааст… Лекин ҳозир бо бачаҳо кор кардан осон не. Бачаҳо табиатан ҳар хел мешаванд. Аз рӯйи шунидам дар вақти дарс бачаҳо аксаран телефонбозӣ мекардаанд. Фарзандони одамони доро шӯхиву балоӣ карда, ба дарсгузарии муаллим халал мерасонанд. Ҳатто муаллимаҳоро гирёнидан, ҳақорат додан ва ё кӯфтани баъзе омӯзгорони ҷавонро мешунавам.
Муаллимӣ баробари кори бошарафу пурифтихор буданаш касби мушкилу мураккаб аст. Синфро идора карда, дарсро босамар гузаронидан аз муаллим донишу маҳорати беҳамторо талаб мекунад.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ