Ҷавонон бо ёрии роҳбарони сектор бо кор таъмин мегарданд

Ҷавонон бо ёрии роҳбарони сектор бо кор таъмин мегарданд

  • Post category:Иқтисод

Қӯшработ аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба шумор рафта, қисми зиёди ҳудуди он кӯҳсор ва хонадонҳои аҳолӣ парешон ҷойгир аст. Новобаста аз ин, дар ноҳия ҷавононе, ки тадбиркории худро ба роҳ монда, даромад ба даст меоранд, бисёранд. Роҳбари Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Работ политейшн»-и ноҳия Мирзоҳид Бекқулов аз зумраи чунин ҷавонони кордон мебошад. Ин соҳибкори ботадбир 6 нафар ҳамсолони худро бо кор таъмин кардааст. Онҳо 13 навъи қубури резиниро дар 16 намуди ҳаҷм истеҳсол мекунанд.
– Корхонаи мо бо ускунаҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст, – гуфт М. Бекқулов. – Корхона тавоноии дар давоми як сол аз нав коркард намудани 100 тонна гранула ва истеҳсоли маҳсулоти тайёрро дорад. Барои хариди технологияҳои зарурӣ, умуман ташкил кардани кор роҳбарони сектор ёрии калон расонданд. Бахусус, бо ёрии мутасаддиён аз Хазинаи «Ёшлар -келажагимиз» 260 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифтем.

Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ