Ҳавошиносон: Фардо ҳарорат дар Ӯзбекистон то 0 дараҷа сард мешавад

Ҳавошиносон: Фардо ҳарорат дар Ӯзбекистон то 0 дараҷа сард мешавад


Дар ҳоле, ки аҳолии вилоятҳои марказии Русия ҳанӯз аз ҳавои гарм баҳраманд ҳастанд, аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон шабакаҳои (циклон) сарди ҳаво паиҳам ворид мешавад. Дар ин бора хадамоти ҳавошиносии Ӯзбекистон хабар дод.
Аз имрӯз ба Ӯзбекистон вурӯди шабакаи нави ҳавои сард оғоз мешавад. Дар қисми аввали рӯз ҳарорати ҳаво нисбат ба дирӯз 4-6 дараҷа сардтар шуд.
Барои фардо низ чунин ҳавои сард пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво шабона 3-6 дараҷа, дар шимол то 0-3 дараса сард ва рӯзона 13-17 дараҷа гарм мешавад, ки ин аз ҳавои одатӣ 5-7 дараҷа сардтар аст.
Ҳавошиносон дар рӯзҳои охири ҳафта дар вилоятҳои водии Фарғона ва минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳистонӣ бориши боронро пешбинӣ кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ