Хабарҳо аз ноҳияҳо

«Пахтачигаз» ба зимистон омода аст
Шӯъбаи Пахтачии ҶММ «Самарқандҳудудгаз» аз аввалинҳо шуда, корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳ-­зимистонро ба анҷом расониданд ва 10 509 хона бо гази табиӣ таъмин гардид. Соли ҷорӣ дар 866 хона ҳисобкунакҳоро бо намуди нав иваз намуданд.
– Соли оянда дар 23 маҳалла ҳисобкунакҳои газ иваз карда мешаванд, – гуфт роҳбари «Пахтачигаз» Эркин Исмоилов.
Ба масофаи 267,8 км. қубурҳои газ дар зери фишор аз санҷиш гузаронида шуда, ду ГРП‑и калон ва 480 ГРП‑и хурд тафтиш ва 8 километр қубурҳои газ ранг карда шуданд. Таҳти сарварии сармуҳандис Холбек Собиров, челонгар Тошботир Мардонов, Боборавшан Абдураҳмонов, Сиддиқ Мавлонов ва Ҳамза Нуралиев корҳои зиёди омодагӣ ба зимис­тон амалӣ гардид.

Т.НОРҚУЛОВ.

Минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» чӣ қадар маҳсулот содирот кард?
Минтақаи озоди иқтисоди(МОИ)-и “Ургут” дар ҳафт моҳи сол ба арзиши 14,2 миллион доллар маҳсулот ба хориҷа содирот кард.
Дар ин муддат, дар минтақа ҳамагӣ ба арзиши 673 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол шуд.
Дар моҳҳои январ-август дар МОИ “Ургут” 9 лоиҳаи нав ба арзиши 13,2 миллион доллар амалӣ шуд ва 350 ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
То анҷоми сол ба арзиши 38,2 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи дигар низ амалӣ мегардад ва тақрибан 750 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин мешаванд.

“Булунғур ҳаёти” 90-солагии худро дар бинои нав пешвоз мегирад
Рӯзномаи “Булунғур ҳаёти” моҳи декабри соли 1931 таъсис ёфтааст. Рӯзнома пеш бо номҳои “Колхозчилар байроғи” ва “Коммунист” чоп шуда, хабарҳои ноҳияҳои Ҷомбой ва Пайариқро низ нашр кардааст. Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Булунғур ва ҳокимияти ноҳия муассисони ин рӯзнома мебошанд.
Ин рӯзнома, соли оянда 90-умин солгарди худро ҷашн мегирад.
Имрӯз бо замон ҳамнафас будани нашрияҳо талаби давр аст. Албатта, барои ин ходимони кордон, шарту шароит ва пойгоҳи моддиву техникӣ зарур аст. Ба ҳамин далел, барои таҳририяти “Булунғур ҳаёти” ҳоло бинои нав сохта мешавад. Бинои нав дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва ҳамагуна шароиту пояи моддиву техникӣ аст.
Баҳодир Баҳромов, ҳокими ноҳияи Булунғур рӯзи 7 октябр дар бораи ҷараёни сохтусози бинои нави рӯзнома таклифҳои худро изҳор кард ва афзуд, “Рӯзнома як оинаест, ки ҳаёти маънавӣ ва маърифии ноҳияро, имрӯзу фардои онро нишон медиҳад. Пас зарур аст, ки барои фаъолияти самарбахши кормандони таҳририят бояд шароити муносиб фароҳам кунем”.

Дар Ҷомбой дарахтҳои павлония парвариш мешаванд
Озмоишгоҳи «In Vitro»-и ноҳияи Ҷомбой бо номи «UzNUTS» дарахти чормағзи навъи павлонияро парвариш мекунад.
Ин лоиҳа ба муносибати қарори ҳукумат дар бораи барпо кардани боғҳои павлония амалӣ мешавад.
То ҳол мутахассисони «In Vitro» аз 3 навъи павлония пайванд гирифтанд.
Ин озмоишгоҳ дар як сол метавонад то 20 миллион ниҳоли павлония парвариш кунад.
Ҳамчунин, мутахассисони озмоишгоҳ ҳоло ба парвариши навъҳои бодом, гелос, себ, шафтолу низ пардохтаанд. Илова бар ин, масъалаи соҳиб шудани ҷойи худ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ низ баррасӣ мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ