Моҳонаи маданияти ҳуқуқӣ ва одобу ахлоқ чӣ хел мегузарад?

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд садорати вилоятии Оҷонсии кор бо ҷавонон дар мавзӯи «Вазифаҳои устувори амалӣ кардани сиёсати давлат роҷеъ ба ҷавонон дар вилоят» конфронси матбуотӣ гузаронд.
Дар тадбире, ки ба воситаи барномаи ZOOM онлайн баргузор гардида, дар бораи корҳое, ки садорати вилоятии оҷонсӣ, шӯъбаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии он дар семоҳаи саввӯми соли равон амалӣ кардаанд ва нақшаҳои оянда батафсил ҳарф заданд.
– Аввало, ба садорати вилоятии оҷонсӣ, шӯъбаҳои шаҳрӣ ва вилоятии он ходимони ҷавони соҳибхирад ва шуҷоатнокро дар асоси сӯҳбат ба кор қабул карда, ба онҳо шароити хуби меҳнат фароҳам оварда шуд, – гуфт сардори садорат Ҳусайн Тӯхтаев. – Сипас, якҷоя барои иҷрои мақсадҳое, ки дар наздамон гузошта шудааст, саъю кӯшиш кардем. Роҷеъ ба мазмуну моҳияти қонун «Дар бораи сиёсати давлатӣ доир ба ҷавонон» корҳои тарғиботӣ бурдем. Ба ташкил кардани ҷараёни имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ бевосита ёрӣ расондем. Бо мақсади таъмини шуғли ҷавонони бекор «Дафтари ҷавонон»-ро ташкил карда, кӯшиш намудем, ки ба қисмати ҳар як ҷавони ба ин дафтар дохил шуда бефарқ набошем.
Дар даври гузаштаи сол дар вилоят ҷавонон 510-то, наврасон 27-то ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд. Дар доираи «Моҳонаи маданияти ҳуқуқӣ ва одобу ахлоқ», ки аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр гузаронда мешавад, чунин ҳолатҳо таҳлил карда мегарданд.


Дар вилоят ҷавонони аз 18 то 30 сола 910165 нафарро ташкил мекунанд. Аз байни онҳо бо мақсади ба «Дафтари ҷавонон» дохил кардан 19029 нафар ҷавонони лаёқати корӣ доштаи бекор муайян гардида, чораҳои бо шуғл таъмин кардани онҳо дида мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ