Сохтори таълими масофавӣ: афзалиятҳо дорад, аммо…

Сохтори таълими масофавӣ: афзалиятҳо дорад, аммо…

  • Post category:Маориф

Солҳои охир дар соҳаи маорифи мамлакат дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Яке аз чунин тағйиротҳо дар қатори дигар шаклҳои таълим ба таври васеъ истифода гардидани таълими масофавӣ мебошад. Пӯшида нест, ки бисёриҳо Интернетро танҳо барои хондани ахбор, ҷустуҷӯи маълумот, даст­рассозии матолибу номаҳо ё барои сӯҳбат истифода мебаранд. Имкониятҳои Интернет низ рӯз аз рӯз меафзояд ва кор фармудани он осонтар мешавад.
Ҳоло дар пешбурди таълими масофавӣ, такмили фаъолияти китобхонаҳои электронӣ, тиҷорати (бизнеси) электронӣ, мағозаҳои электронӣ ва ғайраҳо саҳми шабакаҳои интернетӣ назаррас аст.
Имрӯз мамлакат бо суръат рушд мекунад. Ҳар дақиқа дар гӯшаҳои гуногуни сайёра тағйирот, навсозиҳо ба миён меоянд, ки мо онро бевосита аз телевизиону радио ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем ва мешунавем. Ҳар рӯзи мо зери ҷараёни шадиди иттилоот мегузарад ва моро хоҳ дар хона бошему хоҳ дар мактабу корхона «таъқиб» менамояд. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои нави ахборӣ дар ривоҷу равнақи таҳсилот талаботи замони имрӯза мебошад. Яке аз падидаҳои навҷӯиҳо ва навовариҳои аср шакли таҳсилоти масофавӣ ба шумор меравад. Дар айни ҳол ҳамаи муассисаҳои оливу касбии кишварамон бо ҳамин сохтор фаъолият мебаранд. Фосилавӣ хондан, ин мустақил хондан аст. Мустақил хондан бошад, қобилияти мустақилона фикр кардан, хулосабарории инсонро инкишоф медиҳад. Афзалияти дигари таҳсилоти масофавӣ дар он аст, ки донишҷӯ метавонад дар вақти муносиб ва бидуни тарки кор таҳсил кунад. Маҳз ба туфайли ин афзалиятҳо, имрӯз ин услуб дар ҷаҳон васеъ паҳн шудааст ва барои такмил додани ин система, ширкатҳои бузург миллионҳо доллар сарф мекунанд. Боз як афзалияти таълими масофавӣ вақту мӯҳлати таълимро худи донишҷӯ муайян мекунад, яъне ҳар лаҳза, вақти дилхоҳ ба таҳсил оғоз мекунад ва маводро аз худ менамояд. Дараҷаи азхудкунии донишҷӯ бошад бо иҷрои вазифаҳо, тестҳо, санҷишҳо муайян карда мешавад.
Новобаста аз ин бартариятҳо сохтор муаммо ва камбудиҳои худро дорад. Масалан, дар баъзе ҷойҳо набудани алоқа барои шабакаҳои иҷтимоӣ, ё ки дар истифодабарии Интернет камтаҷриба будани донишҷӯён ба пешрафти ин ҷараён халал мерасонад. Донишҷӯ дар ин шакли таълим ҳамаи материалҳоро ба таври мустақил худомӯзӣ мекунад. Барои ҳамин аз донишҷӯ иродаи мустаҳкам, масъулият ва худидоракунӣ талаб карда мешавад.
Баробари ин, дар системаи таълими масофавӣ байни устоду шогирд мулоқоти бевосита сурат намегирад. Ин барои донишҷӯ бобати дар назди ҷамоа фикри худро баён кардан як қатор мушкилиҳоро ба миён меорад.
Ғайр аз ин, дар сохтори таҳсилоти аз тарафи донишҷӯён ҳал гардидани вазифа ва супоришҳоро муайян кардан душвор аст. Намедонед, ки оё донишҷӯ мустақилона кор кардааст ё не.
– Баробари, саршавии пандемия барои таъмини бехавфии мо донишҷӯён сохтори таълими масофавӣ ҷорӣ кара шуд, – гуфт яке аз донишҷӯёни донишкадаи олӣ, ки нахост номашро биёрем. – Мо нимсола(семестр)-и дуввумро дар чунин шакл хондем. Аз тарафи омӯзгорон ҳамаи маводҳо дар сохтор монда шуд. Лекин, баъзе ҳамсабақони ман барои давомоти дарс ворид мешуданду бас. Қариб 40 фоизи гурӯҳи мо ба сохтор умуман дохил намешуданд. Сабабашро пурсем, «Дар деҳаи мо Интернет кор намекунад» мегуфтанд. Аз номи онҳо бошад дӯсту бародароне, ки як ҷо таҳсил мегиранд ворид мешуданд ва имтиҳонҳоро низ онҳо месупориданд.
Саволе ба миён меояд: магар ин ба бесаводӣ намерасонад? Донишҷӯе, ки чунин мехонад пагоҳ ба мактаб рафта, ба шогирдон чӣ гуна сабақ медиҳад? Чиро меомӯзонад?
Баъзе донишҷӯён бо баҳонаи мавҷуд набудани алоқа дар деҳа, дар шаҳр хона иҷора гирифта дарс мехонанд. Ба мо торик аст, ки онҳо дарс мехонанд ё бо дигар амалҳои номатлуб машғуланд.
Агар ба ин сохтор ҷиддан назар андозем, саволҳои зиёдро беҷавоб мебинем. Ва як нуктаро амиқ гуфта метавонем, ки ҷавоби ин саволҳо бештар дар зиммаи ду нафар бори мас­ъулиятро мегузорад: муаллим ва донишҷӯ…

Фирӯз АБДУМӮЪМИНОВ,
донишҷӯ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ