Васиятномаи Габриэл Гарсиа Маркес

Васиятномаи Габриэл Гарсиа Маркес

  • Post category:Фарҳанг

Нависандаи маъруфи колумбиягӣ, барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт Габриэл Гарсия Маркес (06.03.1927, Колумбия – 17.04.2014, Мексика), ки ба бемории саратон мубтало гардида буд, гумон дошт, ки чандон умри зиёде барояш боқӣ нест ва дар соли 2000 бо иншои ин васиятнома ё номаи хайрбод бо ҷаҳон ва хонандагони худ худоҳофизӣ намуда буд. Вале ба таъбири мардум, «бе аҷал марг нест» ва баъди иншои ин нома адиби мумтоз боз 14 сол зинда монд ва аз худ асарҳои зиёдеро барои дӯстдорони адабиёт ба ёдгор гузошт. Инак, матни васиятнома пешорӯи шумост.
Агар Худованд лаҳзае аз ёд мебурд, ки ман аз лӯхтаки латтагие беш нестам ва бароям фурсати кӯтоҳеро барои зинда мондан мебахшид, аз ин фурсат ба беҳтарин ваҷҳи мумкин истифода намуда, ба эҳтимоли зиёд ҳар андешаамро бозгӯ намекардам, аммо ба яқин, ҳар чӣ магуфтам, пешакӣ фикр мекардам. Ба ҳар ашё на ба далели арзиши он, балки ба далели аҳамияташ баҳо медодам. Камтар мехобидам ва бештар рӯъё мебофтам, зеро дар тайи ҳар дақиқае, ки чашм мебандам, шаст сония нурро аз даст медиҳем.
Роҳро аз ҳамон ҷойе идома медодам, ки дигарон меистоданд ва замоне аз бистар бармехостам, ки дигарон ҳанӯз дар хобанд. Вақте дигарон сухан мегуфтанд, гӯё ки таъми нотакрори яхмоси ширинро мечашида бошам, бо камоли майл онҳоро мешунидам.
Агар Худованд фурсати кӯтоҳи дигаре ба ман мебахшид, соддатар либос мепӯшидам, дар офтоб ғӯтта мехӯрдам ва на танҳо ҷисм, балки рӯҳамро низ дар офтоб урён мекардам. Худоё, агар маро қалбе буд, кулли нафратамро рӯйи ях навишта, ба пешвози офтоб мебаромадам.
Ман мехоҳам дар хобам орзуҳои Ван Гогро (Венсент Виллем Ван Гог (30.07.1853, Нидерландия – 29.07.1890, Фаронса), рассом-­постимпрессионист, ки осораш ба наққошии асри ХХ таъсиргузор будааст. Ӯ таи беш аз даҳ соли фаъолияташ беш аз 2100 асар офаридааст ва аз онҳо 860 ададаш бо ранги равғанӣ тасвир шудаанд.) дар ситораҳои достони Бенедетти (Бенедетти Марио (14.09.1920–13.05.2009), рӯзноманигор, шоир, нависанда ва драматурги уругвайӣ) муҷассам созам ва суруди Серрат (Хуан Мануэл Серрат (таваллуд, 27.12.1943, Барселонаи Испания, ҳофизи испании каталонӣ, шоир ва мусиқишинос) метавонист муҳаббатномае бошад, ки онро ба моҳ бахшида метавонистам.
Ман метавонистам бо ашкҳоям гулҳоро обёрӣ созам, то захми хор ва бӯсаи гулгуни барги гулро эҳсос намоям.
Худоё, агар фурсати дигаре барои зиндагӣ медош­там, барои баёни эҳсоси муҳаббати худ ба касоне, ки дӯсташон медорам, як рӯз ҳам таъхир намекардам. Ба ҳар шахси бароям азиз ин ҳақиқатро бовар мекунондам, ки дӯсташ медорам ва чун дӯстдошта бомуҳаббат зиндагӣ мекунам. Ба ҳамагон исбот мекардам, ки ба далели пирӣ аз ишқ роҳи гурез ҷустан хатои бузургест, балки онҳо замоне пир мешаванд, ки дигар ошиқ намешаванд. Ба бачаҳо бол мебахшидам, аммо онҳоро танҳо мегузоштам, то худ мустақилона парвозро ёд бигиранд. Ба пиронсолон меомӯхтам, ки марг бо фаромӯшӣ меояд, на бо солхӯрдагӣ.
Чӣ чизҳоест, ки аз шумо ёд нагирифтаам, эй мардум! Медонам, ки ҳама мехоҳанд бар фарози қуллаи кӯҳ зиндагӣ кунанд, вале фаромӯш кардаанд, ки хушбахтии ҳақиқӣ дар он аст, ки мо чӣ гуна ба қуллаи он мебароем. Медонам, ки вақте навзод ангушти падарро бо муштчаҳояш мефишорад, дигар онро ҳаргиз раҳо намекунад. Медонам, инсон фақат замоне ҳақ дорад ба нафаре аз боло ба поин бинигарад, ки дасти ёрӣ ба сӯяш дароз карда бошад. Боз чӣ қадар чизҳоест, ки аз шумо омӯхтаам, эй мардум, вале афсӯс, ки ҳеҷ кадом ба кор намеояд, зеро аҷал гиребонгирам шуда ва раҳсипори хонаи охират ҳастам. Ҳамеша он чиро бигӯ, ки эҳсос мекунӣ ва пайи коре бишав, ки дар андешаи он ҳастӣ.
Агар медонистам, имрӯз охирин рӯзест, ки туро дар рахти хоб мебинам, чунон маҳкам дар оғӯш мафишурдамат ва аз даргоҳи Парвардигор илтиҷо макардам, ки маро нигаҳбони рӯҳи ту гардонад.
Агар медонистам, имрӯз охирин бор аст, ки туро дар ҳоли аз хона баромадан мебинам, ба оғӯш кашида, мебӯсидамат ва фақат барои он ки андаке бештар бимонӣ, боз аз нав ба сӯйи хеш мехондам.
Агар медонистам, имрӯз охирин бор хоҳад буд, ки садоятро мешунавам, ҳар каломи туро рӯйи навор сабт мекардам, то онҳоро гаштаву баргашта ва беохир бишнавам.
Агар медонистам, ин охирин дақиқаҳоест, ки туро мебинам, ба ту мегуфтам: «Дӯстат дорам» ва намепиндоштам, ки ту, нодон, худ инро медонӣ.
Ҳамеша фардое ҳаст ва зиндагӣ барои беҳтарин корҳо имконияти дигаре ба мо медиҳад, то ҳамаро ислоҳ намоем, аммо агар ман хато кунам ва имрӯз ҳар он чизе бошад, ки умр барои ман монда, фақат мехоҳам ба ту як чиз бигӯям, он қадар зиёд дӯстат медорам, ки ҳаргиз фаромӯшат нахоҳам кард. На пир ва ё на ҷавон бо боварӣ гуфта метавонад, ки фардо чӣ пешомаде хоҳад дошт. Шояд имрӯз охирин бор касонеро мебинӣ, ки дӯсташон медорӣ. Пас фурсатро аз даст мадеҳ, худи ҳамин рӯз амал кун, зеро агар фардо ҳаргиз фаро нарасад, ту бешак, афсӯси рӯзеро хоҳи хӯрд, ки фурсате барои як лабханд, як оғӯш, як бӯса наёфтӣ ва машғулиятҳои зиндагӣ имкони иҷрои хостаҳои охиринро бароят надоданд.
Ба касоне, ки дӯсташон медорӣ, ҳамеша меҳрубон бош ва ҳамеша барояшон бигӯ, ки чӣ қадар ба онҳо алоқа ва ниёз дорӣ. Ба худат ин фурсатро бидеҳ, то бигӯӣ: «Маро бубахш», «Мутассифам», «Хоҳиш мекунам», «Мамнунам» ва аз тамоми ибораҳои зебову меҳрубоне, ки медонӣ, истифода кун! Агар афкорат­ро чун розе дар сина маҳфуз дорӣ, ҳеҷ кас туро ба хотир нахоҳад овард.
Пас аз Худованд хирад ва тавоноии баёни эҳсосатро талаб кун, то дӯстонат бидонанд ҳузурашон то чӣ ҳад барои ту азиз аст. Агар ту имрӯз онро нагӯӣ, фардоят мисли дирӯз хоҳад буд. Вале агар ту инро ҳаргиз ба забон наорӣ, ягон чиз арзишу моҳияте нахоҳад дошт…
Соли 2000
Аз русӣ тарҷима ва тавзеҳи
Ш.ШОКИРЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ