Пайвандгари адабиёту халқҳо

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо шоир ва тарҷумони шинохтаи мамлакатамон Одил Икром вохӯрӣ ва тақдимоти китоби ӯ – «Хаёл мақбараси» («Мақбараи хаёл») баргузор гардид. Дар он эҷодкорони вилоят ва ҳаводорони каломи бадеъ иштирок карданд.
Роҳбари Маркази маънавият ва маърифати шаҳри Самарқанд Хуршед Нуруллоев бо суханони муқаддимавӣ ба тадбир ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро бо зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Одил Икром шинос кард.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Наҷмия Муҳиддинова, шоираҳо Нодира Офоқова, Ойдиннисо, Зӯҳро Эшонқулова, Шоҳрух Мӯъминзода, Алишер Сабрӣ ва дигарон ба сухан баромада, оиди шеър ва тарҷумаҳои Одил Икром сухан ронданд. Баробари ҳамин, аз эҷодиёти шоир намунаҳо қироат карданд.
Дар охир Одил Икром барои чунин пазироӣ арзи миннатдорӣ баён намуда, ҳозиронро ба нақшаҳои эҷодии худ шинос кард. Мувофиқи гуфтаҳои ӯ дар бобати тарҷума ҳам корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Асосан шеърҳоро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ бармегардонидааст. Аксари тарҷумаи шеърҳои Лоиқ, Гулрухсор, Мӯъмин Қаноат, Озарахш, Рустами Ваҳҳоб ва як зумра шоирони Эрон ба қалами ӯ тааллуқ доштааст. Бо саъю кӯшиши Одил Икром хонандагони ӯзбек бо асари оламшумули «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ва ғазалҳои Мирзо Бедил баҳраманд гардидаанд.

М.ҶУМЪАЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ