Пешниҳоди Жириновский: Арманистон ва Озарбойҷон Кӯҳистони Қаробоғро тақсим кунанд


Владимир Жириновский, роҳбари Ҳизби либералӣ-демократии Русия чорумин пешниҳоди худро низ дар бораи ҳалли низоъи Кӯҳистони Қаробоғ эълон кард. Дар ин бора РЕГНУМ хабар медиҳад.
Жириновский гуфт, “Сарварони Арманистон ва Озарбойҷон метавонанд ба Маскав биёянд ва бо иштироки мо дар бораи тақсими минтақаи баҳснок тавофуқ кунанд. Қисмате аз Кӯҳистони Қаробоғро Арманистон ва қисмати дигарро Озарбойҷон мегирад”.
Бино ба пешниҳоди роҳбари ҲЛДР, мавҷудияти минтақа ба номи Кӯҳистони Қаробоғ аз байн меравад ва танҳо номи ҳудудҳои он боқӣ мемонад, масалан, Шуша, Степанакерт ва ғайра.
Ба назари Жириновский, бе тақсими минтақа онҳо ҳеч гоҳ ба сари тавофуқ намеоянд.
Ӯ афзуд, “Мо дар ин ҳолат метавонем сулҳҷӯён – дастаи низомиёни Белорусро ба сарҳадҳои нав фиристем, то касе натавонад онҳоро ба тарафгирӣ муттаҳам кунад”.
Чанде пеш Жириновский дар бораи ҳалли муаммои Қаробоғ сето пешниҳод карда буд, ки яке аз онҳо ба таркиби Федератсияи Русия ҳамроҳ кардани кӯҳистон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ