Ба Атамбоев суиқасд карданд

Ба Атамбоев суиқасд карданд


Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистон имрӯз маълум кард, ки ба ӯ суиқасд карданд. Хабари суиқасд ба Атамбоев ҳанӯз рӯзи 8 октябр паҳн шуда буд.
Бино ба хабари Регнум, шахсони номаълум ба автомобиле, ки Атамбоев дар дохили он буд, тир холӣ кардаанд. Дар бораи захмӣ шудан, ё нашудани ӯ маълумот нест.
Атамбоев дар муроҷиати видеоии худ гуфт, ки кӯшишҳо ба суиқасд ӯро аз роҳи худ нигоҳ намедорад ва раисҷумҳури собиқ мехоҳад минбаъд низ бо мардум бошад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури собиқи Қирғизистон рӯзи 6 сентябр бо кӯшишҳои эътирозгарон ба озоди расида буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ