Ба таълими яксолаи ҳатмӣ ҷалбсозии 85,2 фоиз кӯдакони шашсола ба нақша дароварда шудааст

Ба таълими яксолаи ҳатмӣ ҷалбсозии 85,2 фоиз кӯдакони шашсола ба нақша дароварда шудааст

  • Post category:Ҷамъият


Агар гӯем, ки ислоҳи соҳаи таълим яке аз соҳаҳои долузарб дар маркази эътибори ҳукуматамон аст, муболиға намешавад. Солҳои охир қонун ва қарорҳо, ки ба ислоҳу рушди сохтори таълими томактабӣ нигаронида шудаанд, қабул ва ба амал татбиқ карда мешаванд.
Бо мақсади кор карда баровардан ва ба амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таълими томактабӣ ва давра ба давра фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ таҳти фармони Президент аз 30 сентябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои куллан такмилдиҳии сохтори таълими томактабӣ Вазорати таълими томактабӣ ташкил карда шуд.
Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон бештар аз 14 ҳазор ташкилоти таълими томактабӣ фаъолият мебаранд. Соли 2019 52 фоизи кӯдакон ба сохтори Вазорати таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд. Соли 2020 интизор меравад нишондиҳанда ба 59,5 фоиз расад. Айни замон ба таълими яксолаи ҳатмӣ ҷалбсозии 85,2 фоиз кӯдакони шашсола ба нақша дароварда шудааст.
Маълум, ки пеш аз ташкилёбии Вазорати таълими томактабӣ дар сохтор барномаҳои замонавӣ ҷорӣ нашуда, оиди омодасозии кӯдакон ба мактаб моделҳои москунандаи муқобил ба дараҷаи кофӣ ривоҷ дода нашуда буданд. Мисли кишварҳои мутараққӣ, барномаҳои таълимии давлатии махсус, ки ба рушди иҷтимоӣ, шахсӣ, ҳиссӣ, нутқӣ, математикӣ, ҷисмонӣ ва эҷодии бачаҳо, ба муҳити гирду атроф шиносонидани онҳо нигаронида шудаанд, татбиқ намешуданд. Аксарияти кадрҳои педагогӣ, ки дар муассисаҳои таълими томактабӣ фаъолият мебурданд, соҳиби маълумоти миёнаи махсус буда, ин имкон намедод бачаҳо ба мактаб ба дараҷаи талабот омода карда шаванд.
Дар мисоли қарори Президент аз 8 майи соли 2019 «Дар бораи тасдиқ намудани Консепсияи рушди сохтори таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030» дида бароем, консепсияи мазкур боз ҳам такмил додани таълими томактабӣ, таъмини баробар истифодабарии бачаҳо аз таълими сифатнок, рушди хидматҳои таълими томактабӣ, бо як сухан ифода намоем, вазифаҳои мақсадноки сохтори таълимии томактабиро фаро гирифта, устуворӣ ва давраҳои ҷараёнро муайян менамояд.
Баъди тасдиқ ёфтани Консепсия байни бештар аз як сол дар сохтори таълими томактабӣ Қонуни нав қабул карда шуд. Лоиҳаҳои нав, ислоҳот давра ба давра амалӣ мегарданд. Хусусан, дар соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таълим ва тарбияи томактабӣ» қабул карда шуд.
Дар қонуни мазкур тамоюлҳои асосии таълиму тарбия, самтҳои сиёсати давлатӣ дар ин соҳа, ҳамчунин, ваколатҳои Девони Вазирон, Вазорати таълими томактабӣ, Вазорати тандурустӣ, мақомоти идоракунии давлатию хоҷагӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, ки ба таълими томактабӣ алоқа доранд, муайян карда шудааст.
Дар Консепсияи зикршуда то соли 2030 ба таълими томактабӣ фаро гирифта шудани 80 фоизи бачаҳои 3-7-сола ба нақша даромадааст. Хусусан, дар соли 2020 барпои биноҳои нави ташкилотҳои таълими томактабӣ, реконструксияи биноҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани шаклҳои муқобили таълими томактабӣ барин чорабиниҳо ба амал бароварда шуда истодаанд. Мувофиқи барномаҳои соли 2020 сохта ва ба истифода супурда шудани 18 объект, ба истифодасупории 129 иншооти холӣ, таъмири 261 ташкилоти таълими томактабӣ ба нақша даромадааст.
Дар таълими томактабӣ ба рағбатноксозии сектори хусусӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Ҳамин тариқ, дар солҳои 2018-2019 Вазорати таълими томактабӣ шартномаҳо оиди шарикии давлатӣ-хусусӣ ба имзо расонд, ки 3,89 триллион сӯм арзиш доранд. Иқтидори ташкилотҳои таълими томактабии ғайридавлатӣ, ки ба наздикӣ мавриди истифода мегарданд, дорои 147,9 ҳазор ҷой мебошад. Соли 2020 барпо кардани боз 2 ҳазор ташкилоти таълими томактабии оилавӣ, 420-то ин гуна мактабҳо дар доираи шарикии давлатию хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои ташкилотҳои таълими томактабӣ омодасозии кадрҳои педагогию идоракунӣ, бозомӯзӣ ва такмили малакаи онҳо низ дигаргуниҳои мусбӣ ба амал меоянд.

Офаридани шароитҳо баҳри рушди ҳарҷонибаи зеҳнӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии бачаҳои то синни томактабӣ низ яке аз самтҳои асосии Консепсия аст. Дар сохтори мазкур бо мақсади васеъ ҷорӣ намудани инноватсия, технологияи пешқадами педагогӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини ташкилотҳои таълимии томактабӣ бо компутер, васли онҳо бо нуқтаҳои интернет давра ба давра амалӣ мегардад.
Аз рӯи ба амал баровардани самаранокии таълими томактабӣ дар мавзӯи боз ҳам такмил додани истифодабарӣ аз технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълиму тарбия аз ҷониби шуъбаҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ)-и таълими томактабӣ анҷуманҳои таълимӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешаванд. Дар ин гуна чорабиниҳо оиди ислоҳи хатою норасоиҳо дар сохтори «Open emis» кӯмаки амалӣ расонда мешавад.

Одилҷон ИМИНОВ,
раиси Кумитаи фан, таълим ва масъалаҳои тандурустии Сенати Олий Маҷлис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ