Муносибат

Телефон зарар дорад

Кишваре, ки ҷавононаш соҳиби дониши мустаҳкам ҳастанд, пеш меравад. Насли наврас баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши худ бояд пайваста китоб хонанд, вақти хешро барои илмомӯзӣ сарф намоянд. Вале на ҳамаи инсонҳо вақти арзишманди худ, ки бебозгашт аст, босамар истифода мебаранд. Сад афсӯс, ки дар байни мо чунин ҷавонҳо ҳастанд, ки оиди омӯхтани илму дониш ҳатто фикр намекунанд. Онҳо умри худро бо корҳои беҳуда мегузаронанд. Аксари хонандагон ҳоло бо телефонҳои мобилӣ ба мактаб меоянд. Муаллим дар бораи манъ будани истифодаи телефон дар боргоҳи таълимӣ гӯяд, сад ваҷҳу баҳонаҳоро пеш меоранд. 
Бояд гуфт, ки истифодаи телефонҳо ҳам хусусиятҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Албатта, телефонҳо роҳи моро наздик, мушкиламонро осон менамояд. Пеш аз пайдо шудани телефонҳо хабарҳо одатан дар як-ду соат ё баъд аз чанд рӯз паҳн шавад, ҳоло якчанд дақиқа кифоя аст.
Ҷиҳати зарарноки телефон ҳамин аст, ки ҷавонон хабарҳои нолозимаро низ аз воситаҳои хабаррасон мехонанд. Диққати онҳо ба ин хабарҳо банд шуда, дарсро гӯш намекунанд. Дар натиҷа телефонҳои мобилӣ сабаби асосии ҷоҳиливу нодонӣ мешаванд. Аксари ҷавонон дар мактабу масканҳои ҷамоатӣ на аз илму дониши худ, балки аз телефонҳои замонавиашон бо ифтихор сухан меронанд. Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи мунтазами телефон ба саломатӣ зарарнок буда, барои пайдоиши як қатор бемориҳо дар организми инсон сабаб мешаванд. Инчунин, ақлу шуури инсонро суст карда, сатҳи фикррониро маҳдуд менамояд. Ҳар гоҳ аз телефон маълумотҳои тайёрро гирифта, ба ҳамин ҳолат одат мекунем. Вақте ки хонанда китобро ҷустуҷӯ карда, маводи лозимаро меёбад, он муддати зиёд дар хотираи ӯ нақш мебандад. 
Аз ин рӯ, мо хонандагонро зарур аст, ки аз телефони мобилӣ камтар истифода намоем. Бо ин роҳ худро ҳам аз зарари маънавӣ ва ҳам зиёни моддии он ҳифз мекунем.

Дилафрӯз МУРОДҚУЛОВА, 
хонандаи мактаби таълими умумии рақами 43-и ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ