Дар шаҳри Бишкек то 21-уми октябр вазъи фавқулода эълон шуд

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, то 21-уми октябр вазъи фавқулода эълон шуд. Дар ин бора 9-уми октябр фармони раиси ҷумҳури ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков содир гардид. Вазъият дар Қирғизистон баъди он печида шуд, ки мухолифон ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар он кишвар эътироз карданд. Онҳо гуфтанд, дар интихобот тақаллуби зиёд сурат гирифт ва асосан ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат вориди порлумон шуданд. Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон рӯзи 6-уми октябр натиҷаҳои интихоботро бекор кард ва раиси ҷумҳур низ гуфт, омодаи истеъфо аст, вале ҳамоно эътирозҳо идома доранд.Ҳамчунин хабар доад мешавад,ки ба суи мошини президенти собиқи кишвар Алмосбек Отабоев шахслни номаъулм оташ кушодаанд. Нооромиҳо дар поайтахти Қирғизистон идома доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ