«Дафтари ишқ»-и Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ ба нашр расид

«Дафтари ишқ»- чунин ном гирифтааст, китоби тозанашре, ки дар нашриёти «Ношир» ба тозагӣ рӯи чоп омад. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоири классикии тоҷику форс Шайх Камоли Хуҷандӣ ба забони немисӣ манзури хонандагон гардонида шудааст, ки он идомаи мантиқии китоби «Ишқи минӯӣ» мебошад.
Мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер саъй намудааст, ки ашъори шоири ғазалсарои тоҷикро ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии авваларо ҳифз намояд. Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони немисӣ амалан имконпазир нест, ӯ кӯшиш намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин васила хонандаи немисизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ – Шайх Камоли Хуҷандӣ шинос намояд.
Дар китоб ғазалҳо ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд. Китоби «Дафтари ишқ» бо ибтикори «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ба ифтихори 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ интишор гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ