Мусобиқаи Гранд слами Венгрия рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешт гузаронида мешавад

Мусобиқаи Гранд слами Венгрия рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешт гузаронида мешавад

  • Post category:Варзиш

Федератсияи байналмилалии дзюдо баргузории Мусобиқаи Гранд слами Венгрияро 23-25 октябр дар шаҳри Будапешт тасдиқ кард.
Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер гуфтааст: «Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони дзюдо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта, бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва инро бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии дзюдо нишон диҳем. Мо ҳамаи кореро, ки бар уҳдаамон аст, иҷро мекунем, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз карда, ҳунарашонро нишон диҳанд».
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи Гранд слами Будапешт 649 варзишгар аз 81 давлат иштирок хоҳанд кард.
Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13 декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ