Арманистон ва Озарбойҷон пас аз машваратҳо дар Москва ба чӣ хулоса омаданд?

Арманистон ва Озарбойҷон пас аз машваратҳо дар Москва ба чӣ хулоса омаданд?

  • Post category:Ҷаҳон

Арманистон ва Озарбойҷон пас аз машваратҳо дар Москва изҳорот қабул карданд. Ҷонибҳо бо ҳадафи башардӯстона барои табодули маҳбусон ва инчунин ҷасади фавтидагон дар бораи оташбас аз соати 12:00-и 10 октябр ба мувофиқа расиданд. Матни изҳороти муштаракро имрӯз вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров қироат намуд, хабар медиҳад ТАСС.
Дар матн зикр мешавад, ки ин санад дар посух ба муроҷиати президенти Россия Владимир Путин мутобиқ ба созишҳои сарони давлатҳои Россия, Арманистон ва Озарбойҷон қабул шудааст.
“Аз соати 12:00-и 10 октябри соли 2020 бо ҳадафи башардӯстона барои табодули асирони ҳарбӣ, дигар боздоштшудагон ва ҷасадҳои фавтидагон, бо миёнаравӣ ва мутобиқи меъёрҳои Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх оташбас эълон карда мешавад”, — омадааст дар изҳорот.
«Асосҳои мушаххаси режими оташбас ба таври илова мувофиқа карда мешаванд», — гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат.
Ғайр аз ин, Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнаравии ҳамраисони Гурӯҳи минскии САҲА ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ба таври мусолиматомез ҳал намудани вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба музокироти моҳиятӣ шурӯъ кунанд.
«Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон бо миёнаравии ҳамраисони Гурӯҳи минскии САҲА дар асоси принсипҳои асосии созиш музокироти моҳиятиро бо мақсади ҳарчи зудтар ба даст овардани сулҳ оғоз мекунанд», — гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
«Тарафҳо тағйирнопазирии шакли раванди гуфтушунидро тасдиқ мекунанд», — зикр шудааст дар сархати чоруми изҳорот.
Хотиррасон менамоем, ки вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон бо даъвати президенти Россия 9 октябр барои машварат доир ба Қарабоғи Кӯҳӣ ба Москва омаданд. Музокироти вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Россия, Озарбойҷон ва Арманистон беш аз 10 соат идома кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ