Муносибат

Аз гандуми дур

коҳи наздик беҳ аст

Одами чашмгурусна на аз боигарӣ, на аз мансаб, на аз мавқеъ, на аз тарзи зиндагӣ ва обрӯву эътибори атрофиён сер мешавад.
Ин тоифа шахсонро ба кирми пилла монанд кардан мумкин аст. Кирми пилла дар давоми 40 рӯз фақат хӯрда, хоб рафта, роҳат мекунаду баъд гирди худро бо риштаи абрешим печонида аз муҳити бегона ҷудо кардан мехоҳад. Кирм намедонад, ки дар пеш ӯро чӣ интизор аст, ӯро беҳуда 40 рӯз бедорхоб шуда тарбия накардаанд. Дар натиҷа, кирм бо «кафан»-и абрешимин ба оби ҷӯш партофта мешавад. Кирм агар инро медонист, ин қадар бо иштиҳо барги тутро намехӯрду «кафан» намебофт.
Хатоии кирмро инсон баъзан дар ҳаёташ роҳ медиҳад. Барои ҳамин дар урфият «Одам – шири хомхӯрда» мегӯянд.
Ортиқ дар оила фарзанди калонӣ буд. Ӯ як хоҳарча дошту халос. Оилаашон аз ҷиҳати молиявӣ миёнаҳол буд. Падараш корманди шӯъбаи таъминоти иҷтимоии шаҳр, модараш низ хизматчии хурди идора буд. Ортиқ мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кард. Солҳои 80-уми асри гузашта аз худ кардани забони хориҷӣ дар байни ҷавонон расм шуда буд. Аз ин сабаб, Ортиқ ба факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ дохил шуд. Донишгоҳро хатм карда, муаллими забони англисӣ шуд. Қариб ду сол дар мактаб кор кард.
Он вақтҳо маоши муаллим кам буд.
Боре аз рафиқаш шунид, ки барои ба хориҷа рафта кор кардан имконият мавҷуд. Ин аввали солҳои 90-ум буду шамоли истиқлолият мевазид. Ортиқ ҳуҷҷатҳои даркориро тайёр кард. Ӯ гӯё, ки барои хондан меравад. Ҳамон солҳо бисёр касон ба хориҷа рафта, ба зодгоҳ барнамегаштанд. Ин чиз мақсади асосии Ортиқ буд. Ва ба модараш гуфт:

— Модарҷон, ман баъди хондан дар ИМА монда, кор мекунам, шумо хавотир нашавед. 
Модари Ортиқ инро шуниду чашмонаш пури об шуданд. Ва ба Ортиқ насиҳат кард, ки баъди хондан, баргардад.
Тағояш Мирҷамол бо Ортиқ сӯҳбат карду гуфт:

— Ҷиянам, ту касби муаллимиро напарто, касби олиҷаноб аст. Нонаш ҳалол, номаш баланд. Аксари муаллимон умри бошарафи дароз мебинанд.
Фикри тағояшро модаркалони 85-солааш ва падари Ортиқ низ маъқул карданд.
Ортиқ чизе нагуфт.
Ниҳоят барои Ортиқ роҳхат ба ИМА тайёр шуд. Ӯ муҳоҷирию мусофириро ихтиёр кард. 
Ортиқ дар мусофирӣ таҷрибаи кофӣ надошт ва ба гапи ҳама бовар мекард. Дар атрофаш маслиҳатчиҳо пайдо шуда дар ИМА монданашро таклиф доданд. Гуфтанд, ки агар дар ин ҷо монӣ, пули калон меёбӣ, баъди ду сол ба духтари хостагиат хонадор мешавӣ.
Хулоса, Ортиқ дар ИМА монданро мақсад карда буд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ба хонааш занг зада гуфт, ки падару модараш хавотир нашаванд, ӯ барои кор кардан мемонад.
Рӯзҳои аввал дилаш аз он хиҷил буд, ки падару модару тағояш ва ниҳоят модаркалонаш дуои розигӣ надодаанд. Хешу таборон гуфта буданд: «Аз гандуми дур коҳи наздик беҳ аст».
Ба Ортиқ донистани забони англисӣ кӯмак расонид. Ва ӯ ба зудӣ ба ҷараёни пурталотупи зиндагии ИМА ҳамроҳ шуд. Аввал хаткашон, баъд боркашон шуд. Аз маблағи ҷамъкардааш ҳар моҳ ба хонааш 500-600 доллар мефиристод.
Ортиқ дар маҳалла номи бойбачаро гирифт. Аз байн моҳу солҳо гузаштанду Ортиқ ба гурӯҳи корчаллонҳо дохил шуд.
Баъди панҷ соли муҳоҷирӣ, аз ҳисоби маблағи ҷамъ кардааш дӯкончаи хурдакаке кушод ва бо фурӯши телефонҳои дастӣ машғул шуд. Ба қатори телефонҳои нав, дар фурӯш телефонҳои кӯҳна низ буданд. Як қисми онҳоро бо нархи арзон киссабурҳо меоварданд.

Ортиқ хост, ки маблағҳои «бекор»-ро ба кор дарорад. Барои ин дар шаҳри Ню-Йорк бинои хурдеро иҷора гирифта, ошхонаи таомҳои миллӣ кушоду чор нафар мусофирро ба кор қабул кард. Пазандаҳо аз пагоҳ то бегоҳ самбӯса, манту ва нони чапчак мепухтанд.
Ташкили ошхона ба Ортиқ даромади хуб оварду ба хонаашон зиёдтар пул мефиристод. Падараш дид, ки маблағи зиёдатӣ ҷамъ шуда истодааст, аз баҳри кори давлат баромаду долларро ба одамон барои савдо қарз медодагӣ шуд. Аз ҳисоби даромади фоизи қарз ҳавлиро афтонда, аз нав сохт.
Ин дигаргуниҳоро дида, ба хоҳари Ортиқ, ки ба синни балоғат расида буд, хостгорон омадан гирифтанд. Падари Ортиқ аз байни хостгорҳо беҳтаринашро интихоб кард. Падари домодшаванда вазифаи калонеро иҷро мекард. Ва тӯй бо тантана шуда гузашт.
Акнун навбати хонадоршавӣ ба Ортиқ расид. Хостанд, ки ба духтари самарқандӣ хонадор кунанд. Ортиқ аз хориҷа баргаштанаш мумкину боз ба ИМА рафта наметавонад, чунки ӯ нолегалӣ аст.
Рӯзе дар «бозорчаи» мардикорони Ню-Йорк духтараке аз Самарқанд пайдо шуд. Инро Ортиқ фаҳмида, ӯро ба кори ошхона таклиф кард. Духтарак Рухсора ном дошт. Рухсора низ факултаи забони хориҷиро хатм карда буд. Ва Ортиқ аз рӯзи аввал ба рафтори Рухсора эътибор дод. Ахлоқу одоби духтарак бе каму кост буд. Баъди се-чор моҳ Ортиқ ба Рухсора таклиф кард, ки бо ӯ оила бунёд кунад. Ба таклифи Ортиқ Рухсора гуфт: 
– Ин масъаларо модарам ҳал мекунанд.
Рухсора падар надошт.
Ортиқ мазмуни сухани Рухсораро фаҳмиду ба модараш занг зада гуфт, ки барои хостгорӣ ба хонаи Рухсора равад. Баъди ду-се бор ба хостгорӣ рафтани модари Ортиқ модари Рухсора розӣ шуд. Дар Самарқанд фотиҳатӯйи калон ташкил кард. Меҳмонон дар байни худ мегуфтанд: «Домодшаванда аз бойбачаҳои Бруклин мебошад».
Навбат ба тӯй расид. Тӯй дар яке аз тӯйхонаҳои номдори Ню-Йорк ташкил шуд. Баъди тӯй роҳбарии ошхонаро Ортиқ ба занаш супорид. 
Ортиқ дӯстони нав пайдо кард. Онҳо медонистанд, ки Ортиқ пул дорад.
Рӯзе яке аз «шербачаҳои» Бруклин гӯё, ки тарафдори пешравии Ортиқ бошад, таклиф кард, ки пули дар картаи пластикӣ доштаи одамонро аз банкоматҳо бо фиребу найранг гирад. Картаҳои «бесоҳиб» дар дасти яке аз киссабурҳо ҷамъ шуда буданд. Барои қулфи картаҳоро кушодан ходими баъзе бонкҳо низ кӯмак мерасонидагӣ шуданд. Киссабурҳо ба назди Ортиқ шарт гузоштанд: «Агар ба даст афтӣ, ту моро намешиносӣ».
Ортиқ якчанд рӯз фикр кард. Бо занаш маслиҳат намуд. Ва ниҳоят розӣ шуд. Дар атрофаш як нафар муҳоҷирро гирифту аз банкомат пул гирифтанро сар кард. Ду-се банкоматро ғорат карда, як моҳ хомӯш мегаштанд. Ин кор қариб ду-се сол давом кард. Маблағи бисёреро ба даст даровард. Аз воҳимаи ғоратгарон шабҳо хоби Ортиқ намебурд. Гӯё, ки ҳоло барои ба ҳабс гирифтанаш меомада бошанд. Ва рӯзе ба гӯшаш расид, ки барои дастгир кардани ғоратгарӣ гурӯҳи махсус ташкил шудаасту ғоратгарони банкоматро ҷустуҷӯй мекунанд. Шахсони ба ин кор дахлдор ҳама ба ҳар сӯ гурехтанд. Ортиқ, ки молу мулк дошт, дарҳол гурехта натавонист. Дарди меъда ӯро шабу рӯз азоб медод. Занаш маслиҳат дод, ки ба ягон давлати дигари хориҷӣ рафта зиндагӣ кунанд. Ва Ортиқ маҷбур шуд, ки молу мулкашро ба шиносҳояш партофта, Германия равад.
Дар Германия онҳо як сол зиндагӣ карданд. Илоҷи ба ИМА рафтанро наёфтанд. Дар ин муддат Ортиқ ба касалии ҷиддии меъда вохӯрд. Духтурон ӯро ҷарроҳӣ карданд, нисфи меъдаашро бурида гирифтанд. Барои он ки маблағи дар даст доштаашро бо қадри ҳол кор фармояд, ӯ ба Самарқанд кӯчида омад.
Дар ин ҷо Ортиқ фақат хӯроки парҳезӣ мехӯрд. Дарди меъда ӯро шабу рӯз нороҳат мекард. Саломатиаш бадтар мешуд, ки беҳ не.
Ӯ ҳавлии нави сохтаи падарашро аз нав дуошёна кард. Барои ин ду бригадаи сохтмончиён қариб як сол меҳнат карданд.
Ғайр аз ин, аз атрофи бозори калон бинои 3-4 магазинро харида, ба номи фарзандонаш расмӣ намуд. Дар назди донишгоҳ ошхонаи дуқабата сохт. Се мошини қиматбаҳо харид. Маблағҳои боқимондаро ба зану фарзандҳо, падару модар ва хоҳараш тақсим кард. Махсус барои ободии қабристон 10 ҳазор долларро ба раиси маҳалла супурд. 
Ортиқ ҷароҳии дуввумро гузаронид. Шифокорон ба наздиконаш гуфтанд, ки оқибати кор ба хайр не.
Ортиқ сабаби ба дарди бедаво гирифтор шуданашро аз оби дидаи дорандаҳои картаҳои пластикӣ ва аз ҷазои Офаранда донист. 
Ҳамин тавр, Ортиқи 40-сола бандагиро ба ҷо овард.
Волидайн аз фарзанд ҷудо шуданд. Бо вуҷуди он, дар оила чашмгуруснагӣ давом мекард. Баъди гузаронидани оши соли Ортиқ падараш ба тақсимоти молу мулки меросӣ сар кард. Аз ин тақсимот келину набераҳо аз хона баромада рафтанд. Бобову модаркалон аз ранҷидани сағирон парвое надоштанд. Эҳтимол, ин молу сарватҳо боз ба сари чанд кас об резад. Шоире беҳуда нагуфтааст:
Рӯзии ҳаррӯза аз гардун гирифтан муфт нест,
Гарчи рӯзӣ медиҳад, аз умр рӯзе мегирад.

Баҳром ИСТАМҚУЛОВ, 
маҳаллаи Чоршанбеи 
ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ