Тимсоли меҳру нишони дӯстӣ

Тимсоли меҳру нишони дӯстӣ

  • Post category:Фарҳанг

Худованд одамро бо қобилиятҳои тайёр ба дунёи равшан намеорад. Тарбия ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, нишонаҳои онро рӯ ба инкишоф меоранд. Вале инкишоф ёфтани қобилият, истеъдод, маҳорат ва малака ба худи шахс вобастагӣ дорад. Адабиётшиноси варзида, узви Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон Абдусалом Самадов низ аз зумраи чунин шахсони бомасъулият, соҳибкору бомаҳорат буда, ғарқи баҳри илму адаб ба сӯи маҳорат қадамҳои устувор гузоштааст.
Намунаи барҷастаи қалами сеҳрогини устодро бевосита аз китоби тозанашри ӯ «Нишони меҳр», метавон равшан мушоҳида кард.
Устод Абдусалом Самадов чун олими адабиётшинос, донишманду муҳаққиқ олими пухтакор ҳар як назари худро дар оинаи идрок боадолат санҷидаву пухта таҷассум намуда, дар тасовири як масъалаи пешгузоштаи худ бо якчанд аср ошноӣ кардааст, таъсири онро ба таърихи гузаштаву имрӯза ба муқоиса гирифтааст, аз ҷумла дар мақолаи «Дилбохтаи Самарқанд» муҳаққиқ қалби шефтаи Заҳириддин Муҳаммад Бобурро нисбат ба Самарқанд чунон тасвир намудааст, ки имрӯз ҳам боиси ифтихормандии ҳар як зодаи ин сарзамин аст. Аз мутолиаи ин мақола хонанда бо ҳаёти маданӣ, илмиву адабӣ, иқтисодӣ ва таърихиву ҷуғрофии Мовароуннаҳр, равшантар «шаҳри маҳфуза» Самарқанд ошно мешавад. Мисли «Бобурнома» асари таърихӣ-­бадеии бебаҳоро боз пеши хонанда варақгардон мекунад, аммо бо тарҳи тозае, бо забони тару нигориши ҷолибу рӯҳбахше, ки хоси қалами сеҳрофарини устод аст. Аз назари бинои ӯ ҳеч як нуктаи ба нишон гирифтаи Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар сифати Самарқанди ҷаннатмакон дур намондааст. Шарҳу тавсифи мавзеъ ва мардуми хушхӯ, мавқеи ҷуғрофиву маҳалҳои дилнишин, табиату рӯҳияи мардум, касбу пеша ва урфу одати эшон, тавсифи иморату боғҳои дилкушо, боду ҳавои фораму дилнишинро як-­як бо намунаи порчаҳои муносиб аз забони муаллифи «Бобурнома» қаламдод намудааст: «Ба андешаи Бобур, мардуми Самарқанд накӯкору некӯсиришт, баландназару бошуҷоат ва ҳамидахулқанд. Аз ин шаҳр бузургворони зиёд ба камол расидаанд: «Мардумаш ба тамом суннӣ ва покмазҳаб ва муташарриъ ва боимону бодиёнат…». Албатта, мушоҳида намоем танҳо ҳамин хулоса ва иқтибоси бо тарҷумаи устод овардашуда, равшангари мақому манзалати ин шаҳри бостонӣ аст, зеро набояд фаромӯш кард, ки устод Самадов низ зодаи ҳамин манзили олимхез, ин сарзамини хушбоду ҳавову хушманзар аст, шефтаи макону фарзанди ҷонфидо ва олими бошуҷоати самарқандист. Бар замми чунин шуҷоату барнодилӣ ин адабиётшиноси варзида қалами худро бо маҳорати дигар низ оростааст, ки хоси олими ҳақиқист, яъне санъати тарҷумонӣ аз забонҳои ӯзбекиву русӣ. Бояд гуфт, ки санъати тарҷумонӣ назди қалами устод чун об равону мусаффо буда, писанди хонандагон аст. Ҳамин ҷо олими дақиқназар гарчанд аз забони Бобурмирзо сухан мегӯяд, каломаш чунон ширагин аст, гӯё аз қаъри дили муҳоҷиру аз дарди фироқ реш-­реши Бобур берун меояд.
Ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии устод дар сифати ҳар як мақолаи «Нишони меҳр» бо тарҳи наву тозае оварда шудааст. Муаллиф дар мақолаи «Дилбохтаи Самарқанд» бо Заҳириддин Муҳаммад Бобур эҳсоси меҳру ифтихори ватандорӣ кунад, дар мақолаи «Устод Айнӣ ва аҳли илму адаби Самарқанд» бо устод Садриддин Айнӣ хештаншиносӣ намудааст. Устоди бузурги суханро чун давомдиҳандаи анъанаҳои бардавоми илму адаби халқу миллат чун Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ хонда, хидматҳои шоёну саҳми босазои ӯро дар пешрафти илму фарҳанги Самарқанд ва дар такомули афкори илмиву адабӣ ва таълиму тарбияи мардуми он таъкид намудааст. Махсусан, дар мисоли устод Айнӣ ва сарпарастии ӯ ба шогирдон, аз ҷумла олимони маъруфу нуктадон ва арбобони барҷаста Воҳид Абдуллоев ва Раҳим Муқимов низ бомеҳру муҳаббати беандоза сухан ронда, дар симои эшон идомаи анъанаи дӯстии Ҷомиву Навоиро нишон додааст, ки боиси ифтихор аст.
Олими пурмаҳсулу серкори мо Абдусалом Самадов дар мақолаи «Устод Айнӣ ва аҳли илму адаби Самарқанд» низ факту далел ва санадҳои зиёдеро ба таври бадеӣ ҷой додааст, ки хонандаи дақиқназар зимни мутолиа аз ҳар қадами устод Айнӣ воқиф гашта, мавқеи ин суханвари бузургро дар илми забоншиносиву адабиётшиносии тоҷику ӯзбек баръало эҳсос менамояд.
Хидматҳои сазовор ва осори пурбори марди сухансанҷ Абдусалом Самадов дар пешбурди илми адабиётшиносии тоҷик на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои ҳамзабону ҳамсоя ҳам муаррифӣ ва арҷгузорӣ шудаанд.
Зеро устоди борикназар бо қалами рангини худ на танҳо саҳифаи эҷодии илму адаби тоҷику ӯзбекро, балки осори чеҳраҳои илҳомбахши адабиёти рус, туркману қазоқро низ ба мардум ошно намуда, таъсиргузорӣ ва анъанапардозии онҳоро вобаста ба осори классикони форсу тоҷик ба мушоҳида гирифтааст. Махсусан, нисбат ба осори шоири сермаҳсули қазоқ муҳаққиқ чунин хулоса намудааст: «Адабиёти Шарқ, аз ҷумла адабиёти форсу тоҷик, барои Абай ва дигар шоирону намояндагони қазоқ мактаби омӯзиши маҳорати адабӣ, намунаи ибрат ва лоиқи пайравӣ буд. Дар шароите, ки дар Қазоқистон акнун хату савод ба вуҷуд меомаду сари мардум аз осори маданияти ҷаҳонӣ дар канор буд, адабиёти форсу тоҷик, ӯзбек ва озарбойҷон ба рӯи фарзандони пешқадами он дарвозаи маданият ва олами шеъру шоириро боз менамояд. Васфи ишқи ҷавонӣ, шаҳди висол ва таърифи ҳусну ҷамоли мафтункунандаи ёр, шикоят аз ағёр, рақиби бадният, тарғибу ташвиқи хулқи накӯ, даъват ба омӯхтани илму ҳунар, танқиди аҳли сарват ва ашхоси ҷоҳил ва монанди инҳо, ки аз мавзӯъҳои асосии адабиёти форсу тоҷик буданд, дар ашъори шоири маърифатпарвар мавқеи намоён касб менамояд».
Инчунин, «Ахтари тобноки осмони шеър»-и туркманзамин – Махдумқулӣ-­Фироқӣ, ки баъзан нигоштаҳои ӯ бо савту садои хеле дилнишини Комилҷон Отаниёзов, Бобомурод Ҳамдамов барин ҳофизони маъруф танинандоз гардида, касро мафтун мекунад, аз назари муҳаққиқ дур намондааст. Ин ҷо адабиётшинос, муҳаққиқи пайвандҳои илмиву адабии дӯстиву рафоқати халқҳо осори шоири турк­ман Махдумқулӣ-­Фироқиро мӯшикофона тадқиқ намуда, мавзӯву мӯҳтаво, дараҷаи тадқиқу тарҷумаи осори шоирро муносиб дарҷ намудааст. Мувофиқи қайди муаллиф ӯ «… бо ашъори гуҳаррези худ ҳамчун шоири навовар ба адабиёти нави туркман асос гузоштааст». Аз фароварди муаллиф аён мегардад, ки Махдумқулӣ-­Фироқӣ аз зиндагии пурфоҷеа ва марги тасодуфии бародарон ва маҳбубааш Менглӣ ба танг омада, дар нигоштаҳои худ тараннуми ишқи пок ва сӯзу сози беназири он, панду ҳикматҳо, ватанхоҳӣ, ғаму андӯҳ ва шикоят аз замона, ноадолатӣ, тамаллуқкориву танпарварии аҳли ҷоҳро зери тозиёнаи танқид гирифта, дар тарғиби ахлоқи ҳамида ва тарбияи инсони соҳибмаърифат кӯшидааст.
Чунин қадршиносиву хештаншиносӣ ва барқарор нигоҳ доштани риштаи дӯстиву пайвандҳо, эҳсоси меҳру муҳаббати илму адаб, эҳёи маънавияти халқ, кашфи чеҳраҳои нави илму адаб, беш аз ҳама бар дӯши адабиёт буда, мавзӯи асосии китоби «Нишони меҳр»-и устоди масъулиятшиносро оро додааст.
Зеро ҳар як мақола бо услуби тозае иншо шуда, хонандаро бо сарлавҳаи худ шефта мегардонад, аз ҷумла зери сарлавҳаи «Аълоҳазрати наср» чун «мунодии ҷасуру фидоии бемисли адолату ҳақиқат» васф намудани нависандаи маъруфи қарни бистум Чингиз Айтматов аллакай ба кулли андешаи муҳаққиқи нозукбаён равшанӣ меандозад.
Ё ин ки сарлавҳаи «Баҳор омад, туро меҷӯяд…»-и муаллиф дар талқини осори олиҳаи аҳду вафо, Шоираи халқии Ӯзбекистон Зулфия Исроиловаро баръало аён мекунад. Метавон гуфт, ки интихоби муҳаққиқ муносиб ва тавсифи ӯ барҳақ аст. Аммо ин ҷо дар боби ҳар як мақолаи устод таваққуф намуданро ҷоиз надонистем, зеро «мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он ки аттор бигӯяд».
Муҳаққиқ ҳар масъала, муаммо ва ҷабҳаи назаркардаи худро бошуҷоат ва боҳавсала дурбинона ҳаёти гузаштаро чун намунаи ибрат варақ зада, аз бурду бохти таърихи аҷдодон ба насли навраси имрӯза санадҳо оварда, саодати имрӯзро баръало нишон додааст. Вай дар психология ва меъёрҳои ахлоқи миллӣ нуктаи асосиеро, ки аз насл ба насл мегузарад ва боиси бақои маънавии халқ ва хештаншиносии миллат аст дарёфта, дар рисолаву мақолаҳои худ моҳирона қаламдод намудааст. Китоби «Нишони меҳр» чун чакидаи қалами сеҳрофарини устод манбаи дӯстиву пайванди ногусастании мардуми меҳрофарини мост.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ