Кай замин самаранок истифода мешавад?

Кай замин самаранок истифода мешавад?

  • Post category:Ҷамъият

Ҳоло тамоми заминҳои ҷумҳурӣ 44 892,4 ҳазор гектарро ташкил мекунад. Майдонҳои замини хоҷагии қишлоқ воситаи асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмингари бехатарии хӯроквории мамлакат мебошад. Аммо аз сабаби самаранок истифода набурдани заминҳо, нишондиҳандаи сатҳи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар баъзе ҳудудҳо кам аст.
Сабаби ин истифодаи бесамари замин ё надоштани малакаи истифодаи замин мебошад. Соли 2019 дар 257 ҳазор гектар замини 293 ҳазор гектар майдони ҳосилнокияш паст растаниҳои даромадовари гуногун кишт карда шуд. Дар 35 ҳазор гектар боғҳои интенсивӣ ва токзорҳои нав барпо гардид. 48 ҳазор гектар заминҳои бекорхобида ба кор андохта шуданд.
Дар асоси Фармон чӣ тағйир ёфт?
Бояд гуфт, ки таъмини истифодаи оқилона, босамар ва мақсадноки заминҳо, ҳифзи заминҳо, пурра татбиқ намудани Сохтори ягонаи кадастри давлатӣ дар ин самт аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Имзо гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 7-уми сентябри соли 2020 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми пеш бурдани ҳисоби замин ва кадастрҳои давлатӣ» таҳти рақами ФП‑6061 дар ин самт қадами муҳим гардид.
Мувофиқи фармон аз 1-уми январи соли 2021 Вазорати кишоварзӣ ғайр аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, аз болои истифода ва ҳифзи заминҳои кишоварзие, ки ба шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ, мақомот ва ташкилотҳои идораи давлатӣ, ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва мақомоти идораи хоҷагӣ, аз ҷумла, хоҷагиҳои ҷангал, хоҷагии об, ташкилотҳои мудофиа, ҳудудҳои табиии муҳофизашаванда ва муассисаҳои иҷтимоӣ низ назорати давлатиро татбиқ менамояд.
Бартарии лоиҳаи низом дар чист?
Дар ин асос лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқи Низом дар бораи назорати давлатӣ аз болои истифодаи заминҳое, ки барои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудаанд ва ҳифзи онҳо» ба муҳокимаи умум гузошта шуд.
Дар низом ҳамкорӣ кардани мақомоти давлатӣ, аз ҷумла идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунандаи шаҳрвандӣ, инчунин, дигар ташкилотҳо бобати назорати давлатӣ аз болои истифодаи заминҳое, ки барои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудаанд ва ҳифзи онҳо дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар назар аст, ки ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ҳисоботи нозирони давлатӣ ва шахсони мансабдори шӯъбаҳои ҳудудии Вазорати кишоварзӣ оид ба татбиқи назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминҳои кишоварзиро мешунаванд.
Дар лоиҳа зикр гардидааст, ки назорати давлатӣ аз болои истифодаи заминҳои барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда ва ҳифзи онҳо аз тарафи шахсони мансабдори Сарсадорати истифодаи босамари захираҳои замин, об ва метрологияи Вазорати кишоварзӣ, сарварони шӯъбаҳои истифодаи босамари замин ва ҷойгирсозии оқилонаи киштҳои хоҷагии қиш­лоқи Садоратҳои кишоварзии Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ва шӯъбаҳои ноҳиявии онҳо сурат мегирад.
Ҷавобгарӣ низ пешбинӣ шудааст
Амал накардан ба нишондод, пешниҳод ва дигар ҳуҷҷатҳо доир ба татбиқи назорати давлатӣ роҷеъ ба истифода ва ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, ки аз тарафи нозирони давлатӣ тақдим карда мешавад, инчунин дахолати беасос ба фаъолияти нозирон ва халал расонидан ба корбарии онҳо манъ аст ва дар ҳолати таъсир расонидан мутобиқи қонунмандӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Иҷрои қарорҳое, ки Вазорати кишоварзӣ дар доираи салоҳияти худ дар бораи назорати давлатӣ аз болои истифода ва ҳифзи заминҳои кишоварзӣ қабул кардааст, барои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ҳатмӣ мебошанд.
Хулоса, қабули Низоми мазкур дар баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин, пешгирии истифодаи заминҳои кишоварзӣ ба мақсадҳои дигар, хусусан заминҳои обёришаванда, барқарорсозии назорати пурзӯр дар ин самт, инчунин дар асоси сохтори муайян татбиқсозии баҳисобгирии фонди замини ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад.

Абдураҳим ҚУРБОНОВ,
депутати палатаи Қонунгузории Олий Мажлис, ҷонишини раиси Кумита роҷеъ ба масъалаҳои аграрӣ ва хоҷагии об.
Мо дар шабакаҳои 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ