Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод, ки собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев боздошт шуд.

«10 октябри соли 2020, дар натиҷаи иқдомоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, дар асоси фармони тафтишотӣ дар доираи парвандаи ҷиноятӣ оид ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Бишкек, Отамбоев А., Сагымбоев К. ва Мусакеев Д. дастгир карда шуданд.»

Айни замон, тавре ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қайд карда шуд, гурӯҳи байниидоравии тафтишотӣ ва оперативӣ иқдомоти дахлдори тафтишотӣ ва оперативиро идома дода истодааст, ки ба муайян ва дастгир намудани шарикони дигари ин ҷиноят равона карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ