Дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳурӣ оғоз шуд


Имрӯз, 11 октябр дар Тоҷикистон интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар интихобот 5 нафар номзад, аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ иштирок мекунад.
Нуқтаҳои интихоботӣ дар соати 06.00 кори худро оғоз карданд. Интихобот то соати 20.00 идома меёбад. Дар саросари Тоҷикистон 3375-то ва дар кишварҳои хориҷӣ 29 нуқтаи интихоботӣ кор мекунанд.
Беш аз 4,9 миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳиро доранд.
Ёдовар мешавем, Меъроҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунистӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Латифзода аз ҳизби кишоварзӣ, Рустам Раҳматзода аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби мардумӣ-демократӣ ба мақоми раисҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ