Шифокор роҳҳои бар зидди коронавирус тайёр кардани иммунитетро гуфт

Шифокор роҳҳои бар зидди коронавирус тайёр кардани иммунитетро гуфт

  • Post category:Саломатӣ

Шифокори сироятшиноси россиягӣ Евгений Тимаков мардумро барои бо мустаҳкамсозии иммунитет ҷиддан машғул гардидан дар даври авҷи дуввуми эпидемия даъват кард.

Мувофиқи назари мутахассис гаронии вирусеро, ки ба организм меафтад, бо якчанд роҳ паст кардан мумкин аст.

Бино ба андешаи мутахассис вирус дар ҷойи хушк хуб ривоҷ меёбад. Бинобар ин, мо мунтазам нӯшобаҳоро истеъмол кунем.
Инчунин, барои мустаҳкам кардани иммунитет тарзи дурусти истеъмоли хӯрокворӣ ва дар ҳавои кушод машқ кардан аҳамияти калон дорад.
Мутахассис инчунин мунтазам қабул кардани видамини D -ро тавсия медиҳад.
«Ин витамин иммунитетро бар муқобили коронавирус ва дигар инфексияҳо пурзӯр мекунад, ки ин дар илм исбот шудааст»,- мегӯяд Евгений Тимаков.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ