Раиси Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон даргузашт

Раиси Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон даргузашт


Саъдулло Ҳакимов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Ӯзбекистон, ходими шоистаи маданият, рӯзноманигор ва шоири маъруф имрӯз дар синни 69 чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Саъдулло Ҳакимов 25 марти соли 1951 дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи факултаи рӯзноманигории донишгоҳи миллии Ӯзбекистон аст.
Ҳакимов дар давоми фаъолияти худ дар лавозимҳои гуногун кор карда ва дар соли 2016 ба мақоми раисии Иттифоқи рӯзноманигорон таъин шудааст.
Ӯ бар асари бемории COVID-19 фавтид. Имрӯз, баъди намози пешин маросими дафни ӯ баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ