Пандемия саффи камбағалонро ба 150 миллион нафар зиёд мекунад

Пандемия саффи камбағалонро ба 150 миллион нафар зиёд мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


То соли 2021 эҳтимолан 150 миллион аҳолии ҷаҳон дучори фақру камбағалӣ мешаванд, ки дар миёни онҳо соҳибони маълумоти олӣ низ хоҳанд буд.
Аксарияти камбағалон дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд. Вале, бино ба таҳлили Бонки ҷаҳонӣ, агар буҳрон идома ёбад, то поёни соли 2021 шумори камбағалон дар ҷаҳон ба 150 миллион нафар афзоиш меёба ва ин бор саффи камбағалон асосан аз ҳисоби шаҳриён зиёд мегардад.
Мутахассисон пешгӯӣ кардаанд, ки рушди ҷаҳонии иқтисодӣ дар ҳоли ҳозир 5,2 дарсад коҳиш меёбад, ки чунин ҳолат дар 80 соли охир мушоҳида нашудааст. Агар вазъият дар идома низ чунин бошад, пас камбағалон маҷбур мешаванд, ҳар як рӯзи худро бо камтар аз 1,9 доллар сипарӣ кунанд. Дар айни ҳол чоряки аҳолии ҷаҳон дар як рӯз камтар аз 3,2 доллар сарф мекунанд.
Пандемия дар Осиёи Шарқӣ ва кишварҳои Саҳрои Кабир Африқо беш аз 110 миллион нафарро дучори камбағалӣ хоҳад кард.
Одамон имрӯз ба далели афзоиши бекорӣ ва ба охир расидани маблағҳои захирашудаашон маҷбуранд, ки камтар хӯрок хӯранд. Бисёре аз кӯдакон, ки нисфи камбағалони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, барои таълими масофавӣ имкон надоранд.
Имрӯз афзоиши шумори коргароне, ки дар соҳаҳои сохтусоз ва истеҳсол ба сурати норасмӣ кор мекунанд, пешбинӣ мешавад. Аммо, маҳдудиятҳои гуногун ва монеъаҳо барои ҳаракати озод дар миёни минтақаҳо ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ дорад. Барои барқарор шудани вазъият шояд даҳ сол зарур бошад. Ин ҳолат барои онҳое, ки акнун аз чанги камбағалӣ раҳо ёфтаанд, зарбаи сахте хоҳад буд.
Дар оилаҳои бенаво кӯдакони навзодро муаммоҳои гуногун мунтазир хоҳанд буд – маҳрумии модар ва худи ӯ аз хӯроки шикамсерӣ ва дастнорас будани хидматрасонии комили тиббӣ аз ин ҷумлаҳоянд. Баъзе аз чунин кӯдакон баъди таваллуд дар феҳристи давлатӣ сабт намешаванд ва раҳо шудан аз доми бенавоӣ барои онҳо хеле душвор хоҳад буд.
То омадани пандемия баъзе кишварҳои Африқо бо камбағалӣ муборизаи самарбахш мекарданд ва нисбатан иқтисоди дар ҳоли рушду шукуфоӣ доштанд. Акнун 54 кишвари қитъа барои мубориза бо пайомадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемия дар 3 соли оянда дар умум ба 300 миллиард доллар эҳтиёҷ доранд.
бино ба пешгӯии мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, эҳтимолан шумори камбағалон имсол ба 88-110 миллион, соли оянба ба 23-33 миллион нафар зиёд мешаванд. Илова бар ин, ба далели гармшавии иқлим то соли 2030 ба 100 миллион нафари дигар бо хавфӣ камбағалӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Дар ҳоли ҳозир 690 миллион нафар аҳолии ҷаҳон камбағал ба шумор мераванд. Як рӯзи онҳо бо сарфи камтар аз 1,9 доллар мегузарад. Нисфи камбағалон дар 5 кишвари ҷаҳон – Ҳиндустон, Непал, Бангладеш, Конго ва Ҳабашистон зиндагӣ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ