“Динамо” дар сафар “Зоминро” таслим кард

“Динамо” дар сафар “Зоминро” таслим кард


Ҷамоаи футболи шаҳри Самарқанд – “Динамо” чанд дақиқа пеш дар Ҷиззах ғалабаи навбатии худро сабт кард. Бозии “Зомин” ва “Динамо” бо натиҷаи 1-2 бо ғалабаи самарқандиён ба поён расид. Ба голҳои Суҳроб Нуруллоев ва Дамир Темиров мезбонон бо як голи Фаррух Ҳоҷибеков ҷавоб доданд.
Баъди ин ғалаба “Динамо” бо 14 хол дар паллаи панҷуми Про-лига қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки “Динамо” дар бозии қаблӣ дар сафар бо натиҷаи 0 бар 1 ба “Хоразм” мағлуб шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ