Дар интихоботи Тоҷикистон шумори зарурии овоздиҳандагон иштирок карданд


Имрӯз то соати 15.00 дар маъракаи муҳимми сиёсии Тоҷикистон – интихоботи раисҷумҳурӣ 70,71 дарсади интихобкунандагон иштирок карданд. Дар ин бора Бахтиёр Худоёрзода, раис комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба гуфтаи Худоёрзода, 3 миллиону 495 ҳазору 251 нафар интихобкунанда то соати 15.00 овоз додаанд.
Бар асоси қонуни Тоҷикистон, барои ҳақиқӣ эътироф шудани интихобот бояд ҳадди ақал 50 дарсади овоздиҳандагон дар он иштирок кунанд. Номзаде, ки раъйи беш аз нисфи овоздиҳандагонро дарёф мекунад, раисҷумҳур интихоб мегардад.
Ёдовар мешавем, Меъроҷ Абдуллоев аз ҳизби коммунистӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Латифзода аз ҳизби кишоварзӣ, Рустам Раҳматзода аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби мардумӣ-демократии Тоҷикистон ба мақоми раисҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ