Истеъмоли турб барои киҳо манъ аст?

Истеъмоли турб барои киҳо манъ аст?

  • Post category:Саломатӣ


Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.
Мизоҷи тухми турб дар дараҷаи саввум гарм ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.
Турб барои иваз кардани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусиятҳои қавии зиддимикробӣ дорад.
Шарбати турбро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол мекунанд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат мерасонад. Истеъмоли он атеросклероз, варамҳо, дар пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешоб хеле фоиданок аст.
Дар табобати халқ турби аз турфтарошак баровардаро дар радикулит истифода мебаранд.

Сангҳои гурдаро мешиканад
Глюкозидҳои талх ва равғанҳои эфирии хушбӯй, ки дар турб ҳаст, сангҳои роҳҳои пешобро майда карда мерезонад.

Турб бронхитро бартараф мекунад!
Барои давои бронхит, роҳи нафаси боло турбро бо асал омехта истеъмол мекунанд. Инчунин, шарбати он балғамро хориҷ мекунад.

Фоидаи турб ба меъдаю рӯда
Турб пайдо шудани талхаро зиёд мекунад, фаъолияти ғадудҳои ҳозимаро беҳтар мекунад, хусусияти антисклеротикӣ дорад. Ин хусусияти турб иштиҳоро кушода, атонияи рӯдаро табобат мекунад. Қабзият, холетсистит ва дар табобати санги талха муфид аст.
Витаминҳои С, фосфор, синк ва В, ки дар таркиби турб мавҷуд аст, барои пӯсти инсон бисёр фоиданок мебошад. Обе, ки дар турб ҳаст, барои нам нигоҳ доштани пӯст кӯмак мекунад. Турбро аз турбтарошак гузаронда ба рӯй маска кунанд, рӯйро тоза ва ҳуҷайраҳои пӯсти рӯйро нав мекунад.

Ҳарорати баданро ба меъёр меорад
Турб ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф мекунад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта нӯшидан фойда мебахшад. Инчунин, зидди инфексияҳое, ки ҳароратро мебардорад, мубориза мебарад.
Шарбати турфро бо сабзӣ, лаблабу ҳамроҳ карда истеъмол кунанд, барои камхунӣ воситаи хуб мебошад.

Ҳолатҳое, ки истеъмоли турб мумкин нест

  • инҳо илтиҳоби шадиди ҷигар, гурда ва баъзе бемориҳои меъдаю рӯда;
  • дар шакли гиператсиди гастрит ва рӯдаҳо, агар он бо илтиҳоби луобпарда алоқаманд бошад, баъзе бемориҳои дилу раг истеъмоли турб ғайриимкон аст.

Дар ин ҳолатҳо турбро бисёр истеъмол кардан мумкин нест:

  • дар вақти ҳомиладорӣ;
  • илтиҳоби рӯдаи ғафс ва борик;
  • захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта;
  • бемориҳои ҷигар ва гурда (ба истиснои ҳолатҳои ташаккули санг);
  • дар гастрит бо кислотаи баланд;
  • одамоне, ки чанде пеш сактаи дил (инфаркт)-ро аз сар гузаронидаанд, набояд турбро аз меъёр зиёд истеъмол кунанд.
    Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ