Павел Дуров – асосгузори Telegram асрори ҷавонии худро ошкор кард


Павел Дуров, асосгузори шабакаи иҷтимоии Telegram дар рӯзи таваллуди худ дар “ВКонтакте” дар бораи ҳифзи ҷавонӣ маслиҳатҳои худро навишт.
Дуров гуфт, ки аз ӯ дар бораи асрори нисбат ба синну соли худ ҷавонтар намуданаш зиёд мепурсанд.
Ба гуфтаи Дуров, худдорӣ аз нӯшидани алкоголу хӯрдани гӯшт ва дар меъёр хӯрдани хӯрок асрори ҷавонии ӯ мебошад. Ҳамчунин, ҳаракати муназзами ҷисмонӣ, хоби солим ва стресси кам муҳим мебошад. Аз назари Павел Дуров, танҳоӣ низ ба ҳифзи ҷавонӣ ёрӣ медиҳад.
Ӯ афзуд, “Шумо метавонед ба аксарияти гуфтаҳои ман далели илмӣ ёбед. Ман ба ин қоидаҳо беш аз 10 сол аст, ки риоя мекунам”.
Дурови 36-сола гуфт, ки худдорӣ аз нӯшидани алкогол барои шунидани садои дарунии худ кумак медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ