Шабонарӯзи гузашта 322 ҳолати сироятёбӣ қайд гардид


Тибқи маълумот, санаи 11 -уми октябри соли 2020 дар мамлакатамон 322 ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус аниқ гардид. Аз он, 3 нафар бемори вазнин бар асари ин беморӣ вафот кард.
Муҳимаш ин, ки дар ҳудудҳои гуногуни кишварамон 365 нафар бемор батамом шифо ёфта баромаданд.
Ҳоло адади сироятёфтагон дар ҳудуди мамлакат ба 61 098 -то расида, аз он 58 069 нафар бемор шифо ёфта баромад, ки ин нишондод 95 фоизро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол 2524 нафар бемор зери назорати пизишкон қарор дошта, аҳволи 322 нафар бемор вазнин ва 110 нафари дигар вазнинтар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ