Литсейҳо аз 15 октябр дарси анъанавиро оғоз мекунанд

Литсейҳо аз 15 октябр дарси анъанавиро оғоз мекунанд


Аз 15 октябр литсейҳои академикии донишгоҳҳо дарси анъанавиро оғоз мекунанд. Дар ин бора вазорати таълими олӣ ва махсуси миёна хабар дод.
Аммо дарсҳои анъанавӣ барои донишомӯзон маҷбурӣ нест, ихтиёрӣ аст. Падару модарон барои фарзанди худ шакли таълимро интихоб мекунанд.
Ҳамчунин, бар асоси талаботи карантин хобгоҳу ошхонаҳои литсейҳо фаъолият намекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 12 октябр дарсҳои шиносоии донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳо оғоз шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ