Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро аниқ карданд

Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро аниқ карданд

  • Post category:Ҷаҳон

Гурӯҳи илмӣ оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бритониё ба Ҳукумат дар бораи коронавирус, гузориши тоза пешниҳод кардааст, хабар медиҳад Daily Mail.
Дар баробари нишонаҳои муайяншуда, олимон боз ба се нишонаи дигар, ишора кардаанд.
Ин дард дар мушакҳо, хастагӣ ва обила дар пойҳо мебошад.
Ин нишондодҳо ба хотири изофаборӣ накардан, то ҳол дар феҳристи нишонаҳои асосӣ дар клиникаҳо ворид карда нашудааст.
Дар гузориш инчунин ба зарурати ҳавасманд намудани одамон ба хонанишинӣ таъкид шудаааст.
Коршинсоон барои ҳавасмандии мардум пешниҳод кардаанд, ки дастгирии молиявӣ ба аҳолӣ афзоиш ёбад ва майхонаҳо баста шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ