Билл Гейтс: Ваксинаи самарбахштарин метавонад ҳаёти одамонро ба самти муқаррарӣ баргардонад


Билл Гейтс, асосгузори ширкати Майкрософт дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки танҳо ваксинаи самарбахштарин ва дастрастарин ба одамон метавонад зиндагиро ба самти муқаррарӣ баргардонад.
Ба гуфтаи Гейтс, соли оянда чанд навъи ваксинаи зидди коронавирус барои одамон дастрас хоҳад шуд. Аммо пандемия пештар аз соли 2022 аз байн нахоҳад рафт.
Билл Гейтс ва ҳамсари ӯ роҳбарони бунёди хайриявие мебошанд, ки он барои мубориза бо коронавирус ва истеҳсоли ваксинаи зидди он миллионҳо доллар ҷудо кардааст.
\

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ