Умри коронавирус дар рӯи пул ва телефонҳо чанд муддат аст?

Умри коронавирус дар рӯи пул ва телефонҳо чанд муддат аст?

  • Post category:Саломатӣ


Олимони Австралия муддати “зиндагӣ”-и коронавирусро дар рӯз пул ва смартфонҳо кашф карданд. Дар ин бора “Газета.Ru” хабар дод.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки коронавирус дар шароити ҳарорати хонагӣ дар рӯи ҳамвори ашё то 1 моҳ боқӣ мемонад. Коронавирус дар рӯи оинаи смартфонҳо, пулҳо ва чизҳои пӯлодӣ, ки занг намезананд, хуб ҳифз мешавад. Баръакс, ашёе, ки рӯяшон ноҳамвор аст, чунин хатари ҷиддӣ надоранд.
Коронавирус дар ҳарорати +20 дараҷа дар рӯи ҳамвори ашё тақрибан як моҳ “зиндагӣ мекунад”. Агар ҳарорат +30 дараҷа бошад, умри вирус тақрибан ба 3 ҳафта тӯл мекашад. Дар ҳарорати +40 дараҷа ва болотар аз он коронавирус баъди 2-3 рӯз нобуд мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ