Президент Шавкат Мирзиёев Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард

Президент Шавкат Мирзиёев Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти мамлакатамон Сарвари давлати кишвари ҳамсояро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд.
Дар ин зимн муҳтарам Шавкат Мирзиеев хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид карданд.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ