Асрори осудагии оила

Асрори осудагии оила

  • Post category:Ҷамъият

  1. Ба шавҳаратон бо ном ва сифатҳои писандидааш муроҷиат кунед.
  2. Таомҳои дўстдоштаи шавҳаратонро ширин карда пазед, бигзор вай хонаашро пазмон шавад.
  3. Шавҳаратонро вақти аз хона баромадан гусел кунед, вақти аз кор омадан бо чеҳраи кушод пешвоз гиред.
  4. Кўшиш кунед, ки ба шавҳаратон меҳрубон бошед.
  5. Раҳмат гуфтанро ҳеҷ вақт фаромўш накунед. Аз ӯҳдаи иҷрои коре набарояд, ба дигарон шикоят накунед.
  6. Сарфакор бошед. Дар вақтҳои вазнин ҳам бо шавҳаратон ҳамроҳ бошед.
  7. Бо хешу пайвандони шавҳар хушмуомила бошед.
  8. Аз шумо доимо бўйи хуш ояд.
  9. Модари шавҳаратонро ҳамчун модари ботаҷриба дида, ҳурмат кунед, то ки нисбати шумо меҳри шавҳаратон зиёд шавад.
  10. Фарзандонатонро бо хулқу одоб ба воя расонед. Дигарон ҳам шуморо бо сифатҳои нек ба забон гиранд.
    Агар ба ҳамин қоидаҳои оддӣ амал кунед, шумо ба бахту саодат, тинҷию хотирҷамъӣ ва фаровонӣ мерасед.
    Таҳия ва тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ