Жээнбеков муддати вазъияти фавқулодда дар Бишкекро дароз кард


Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон муддати вазъияти фавқулоддаи Бишкекро то 19 октябр тамдид кард.
Порлумони Қирғизистон дар муддати се рӯз масъалаҳои муайяншударо баррасӣ накард ва дар натиҷа Жээнбеков маҷбур шуд режими вазъияти фавқулоддаро дароз кунад.
Чанде пеш порлумони Қирғизистон эълон карда буд, ки сарвазири кишвар ба сурати ғайриқонунӣ таъин шудааст.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи 9 октябр дар пойтахт вазъияти фавқулодда эълон карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ