Маҷлиси сарони кишварҳои ИДМ ба таъхир гузошта шуд

Маҷлиси сарони кишварҳои ИДМ ба таъхир гузошта шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ бояди маҷлиси сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба сурати видеоконфронс баргузор мешуд. Кумитаи иҷроияи ИДМ ба таъхир гузошта шудани ин маҷлисро хабар дод.
Дар хабари кумита чунин гуфта мешавад, “Маҷлисҳои шӯрои вазирон ва шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки бояд рӯзҳои 15 ва 16 октябр баргузор мешуд, ба далели вазъияти мураккаби эпидемиологии ҷаҳон ва бо мақсади таҳияи муфассали масъалаҳои баррасишавандӣ ба муддати дигар гузошта шуд”.
Ҳоло замони нави баргузории маҷлисҳои ИДМ дақиқ нест.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2020 Ӯзбекистон раисии ИДМ-ро бар дӯш дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ