Дар Хуҷанд бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад

«Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти Шарқ» — таҳти чунин унвон 15-17 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мегардад. Ҳамоиши илмӣ ба 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ бахшида мешавад.
Ба иттилои раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии симпозиум ба ҳисоб меравад, тибқи барномаи симпозиуми байналмилалӣ, 15 октябр маросими гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Камоли Хуҷандӣ баргузор гардида, гурӯҳи меҳмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-музейи шоир боздид менамоянд. Инчунин дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гардонида мешавад.
16 октябр дар Кохи Рӯдакӣ симпозиуми байналмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин суханони табрикии видеоии донишмандони камолшинос аз давлатҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Ҳиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида мешавад.
Симпозиуми байналмилалии «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ду бахш идома меёбад.
Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ донишмандон дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва заминаҳои тасҳеҳи бунёдии ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Мактаби адабии Камоли Хуҷандӣ», «Маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар баёни матлаб», «Камоли Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек», «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар барнома ва китобҳои дарсӣ», «Мақоми шоирии Камоли Хуҷандӣ дар пажӯҳиши А.Афсаҳзод», «Мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ», «Нуфузи шеъри Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти тотор», «Андешаи миллӣ ва афкори ватандӯстӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ» ва ғайра маърӯза мекунанд.
Дар доираи симпозиум барномаи фарҳангӣ ва фестивали шеъру сурудҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ