Шаҳрванди Ҳолланд баъди сирояти такрории COVID-19 фавтид, чунин ҳолат пеш мушоҳида нашудааст


Бино ба хабари оҷонсии BNO News як пиразани 89-сола аз Ҳолланд баъди такроран ба коронавирус мубтало шудан фавтид. Дар ҷаҳон чунин ҳолат – яъне марг бар асари сирояти такрории коронавирус бори аввал сабт шуд.
Пиразан бори аввал бо ҳарорати баланд ва сурфаи сахт дар бемористон бистарӣ шуда буд. Натиҷаҳои тест мубталои коронавирус будани ӯро нишон дод. Баъди муолиҷаи панҷрӯза дар бемористон нишонаҳои COVID-19 ба ғайр аз беҳолӣ дар ӯ гум шуданд. Тақрибан баъди ду моҳ пиразан дубора таб кард. Сурфа ва нафасгирӣ низ ӯро ранҷ медод. Ин бор низ тест бемори COVID-19 будани ӯро тасдиқ кард. Пиразан боз бистарӣ шуд. Рӯзи 8-ум дар бемористон вазъи саломатии ӯ вазнин шуд ва баъди 2 ҳафта ӯ фавтид.
Олимон тестҳои аввалӣ ва баъдии пиразанро муқоиса карданд ва тафовути генетикии вирусро кашф карданд. Ин нишон медиҳад, ки коронавирус ба пиразан дубора сироят кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ