Сокини Сирдарё корманди корхонаи таъминоти газро кушт

Сокини Сирдарё корманди корхонаи таъминоти газро кушт


Як сокини ноҳияи Сирдарёи вилояти Сирдарё корманди корхонаи таъминоти газро, ки ба хонаи ӯ омада буд, кушт. Дар ин бора шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия хабар дод.
Назоратчии корхонаи таъминоти газ бегоҳии рӯзи 9 октябр ба хонаи ин сокин дар маҳаллаи Дӯстлик меояд. Корманд баъди тафтиши ҳисобкунаки газ қарздории шаҳрвандро таъкид ва пардохтани қарзро дархост мекунад.
Баъди ин дар миёни корманд ва шаҳрванд низо бармехезад. Шаҳрванд бо корд ба бадани корманд чандин бор зарба мезанад. Дар натиҷа, корманди таъминоти газ дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад.
Додситонии (прокуратура) ноҳияи Сирдарё ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ