Вазорати кор: Беш аз 650 нафарро маҷбурӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб кардаанд

Вазорати кор: Беш аз 650 нафарро маҷбурӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб кардаанд

  • Post category:Ҷамъият


Аз оғози мавсими ҷамъоварии пахта то ба имрӯз 652 нафар маҷбурӣ ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд. Дар ин бора инспексияи давлатии кори вазорати муносибатҳои корӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки то 10 октябр дар беш аз 138 ҳудуди Ӯзбекистон корҳои назоратӣ баргузор шуд. Дар натиҷа, маълум гардид, ки 652 нафар шаҳрванд маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта иштирок мекунанд. 18 шахси масъул ба ҷурми кори маҷбурӣ дар умум 205 миллиону 160 ҳазор сӯм ҷарима пардохт карданд.
То ба имрӯз дар бораи кори маҷбурӣ ва вайрон кардани ҳуқуқи корӣ ба инспексияи давлатии кор 165-то муроҷиат шудааст.
Дар вилоятҳои Қашқадарё, Намангон ва Тошканд ҳолатҳои қонуншиканӣ нисбатан бештар аст.

Барои муроҷиати шаҳрвандон дар бораи вайрон шудани ҳуқуқи корӣ сайти dmi.mehnat.uz, боти телеграмии @mehnathuquqbot ва шумораи кӯтоҳи 1176 фаъол аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ