Дар Иштихон моддаи нашъамандии “опий” боздошт гардид

Нашъамандӣ яке аз иллатҳоест, ки ҳоло инсониятро ба балоҳои гуногун гирифтор намуда, оилаҳо, ҷамъиятро ба таназзул овардааст.
Дар мамлакатамон барои мубориза бар зидди ин “вабои аср” чораҳои ҷиддӣ дида шудааст. Ходимони шӯъбаи мубориза бар зидди контрабанда ва аудити боҷхонаи Садорати боҷхонаи вилоят бо ҳамкории ходимони Хидмати бехавфии давлатӣ бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба нашъамандӣ дар ноҳияи Иштихон тадбир гузаронданд.
Дар тадбир воситаи автонақлиёти русуми “ВАЗ -2106”-и шаҳрванд А.Р. ҳангоми дар равияи “Ургут-Иштихон” ҳаракат карданаш ба канори роҳи М-39-и даромадгоҳи ноҳияи Иштихон нигоҳ дошта шуд. Дар натиҷа, дар кисаи дарунии курткаи шаҳрванд мавҷуд будани 1 дона моддаи бӯяш тези ҷигарранги ба селлофани зардранг печонидашудаи вазнаш тахминан 200 грамм, ки ба моддаи нашъамандии “опий” монанд аст, маълум гардида, ҳамчун далели ашёвӣ муваққатан боздошт карда шуд.
Ҳоло оид ба ҳолати мазкур корҳои ҷустуҷӯии пеш аз бозпурс идома дорад.
Оре, шаҳрванд мувофиқи амалаш ҷазои муносиб мегирад. Ба ҷойи хулоса ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки касони ба ҳаёти дигарон рахна андохта, воситаҳои нашъамандиро пулкунанда, албатта ҷазои қонунӣ мегиранд. Модоме ки чунин аст, бояд ҳар як лаҳзаи умрро ғанимат дониста, ҳар доим дар ёд дошта бошем, ки ба ивази меҳнати ҳалол умр гузаронидан ба хонадонамон бахт, ба рӯзгорамон файз ва барака меорад.
Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ