Лаблабу                     Лаблабу – ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст.

Лаблабу Лаблабу – ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст.

  • Post category:Саломатӣ

Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, парокандакунандаи балғам, сард ва хомӯшгардонандаи ҳарорат аст. Агар худашро бихӯранд, дарунро мебандад, ғизояташ кам, боднок аст. Беҳтарин қисми он оби баргаш мебошад, бандҳои барги он беҳтар аз қисми заминиаш мебошад. Агар инро бипазанд таъми сӯзандагии он нест мешавад.
Лаблабуро пухта ҳамчун ғизо бихӯранд, барои иллати ларзак дору мешавад. Агар инро бо сирко ва хардал (горчица) бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд ва варами ин узвро таҳлил медиҳад; барои дарди гурда, хичак ва бемориҳои мақъад дору мешавад.
Оби баргашро бо талхшувоқ биёшоманд, балғамро аз бадан хориҷ мекунад, инчунин дардҳои буғумро ва ниқрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.
Баргашро дар об ҷӯш дода, дар он об вақти нимгарм шудан батакрор дасту поҳоро андозанд, аз сармо кафидани ин узвҳоро шифо мебахшад. Баргашро пухта, баъди хунук шуданаш бимоланд, сӯхтагии оташ ва аз оби ҷӯш сӯхта ва инчунин сурхбодро шифо мебахшад.
Барги хоми онро кӯфта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, захмҳои бадсифат ва ширинчаро шифо мебахшад, инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад.
Ҳар як қисми лаблабуро бо хардал ва обкома (оши турш) бихӯранд, кулинҷро таҳлил медиҳад ва бодҳои ғализро пас менишонад. Вале хӯрдани лаблабу ба меъда зарар дорад ва агар бисёр бихӯранд, дилро беҳузур мекунад, хунро месӯзонад, кулинҷ ва дарди рӯдаҳоро ба амал меоварад. Ва агар лаблабуро бо наск пухта, бо обкома, оби ғӯраи ангур ва ғайра бихӯранд, ҳамаи ин зарарҳояш ислоҳ меёбанд.
Таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ