Рафтори ношоистаи писари ҳокими Олмалиқ боиси барканории ӯ шуд

Рафтори ношоистаи писари ҳокими Олмалиқ боиси барканории ӯ шуд


Усмон Раҳимов, ҳокими шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд ба иллати кирдори ношоистаи писари худ аз мақом барканор шуд.
Барканор шудани ӯ дар маҷлиси Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Олмалиқ эълон гардид.
Рустам Холматов, ҳокими вилояти Тошканд дар бораи Раҳимов чунин гуфт, “Ҳокими шаҳр чӣ гуна бояд бошад? Ҳаёт тасдиқ мекунад, ки чизҳои бисёре вобаста ба роҳбар аст. Ҳоким падари ҳудуд аст. Ман намегӯям, ки фаъолияти ҳокимии Усмон Раҳимов қонеъкунанда нест, ӯ кор накардааст. Ин ҷо гап дар бораи намуна шуда тавонистани роҳбар ба халқ меравад. Халқи донишманди мо ба фазилати камтарии роҳбар ва оилааш нигоҳ карда ба ӯ баҳо медиҳад”.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш видеои мошинронии писари ҳокими Олмалиқ бо суръати баланд ва аз сӯи ӯву дӯстонаш латукӯб шудани падару писар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ