Роҳбари давлатамон дар маҳаллаи » Янги Тошканд» — и ноҳияи Оқолтини вилояти Сирдарё шуд.

Дар ин ҷо 130 — то коттеҷро таъмир ва шабакаҳои коммуникатсиониро барқарор карданд. Маркази нави маҳалла, дӯконҳои тиҷоратӣ ва хизмати маишӣ, китобхона, маҷмӯи варзишӣ ва роҳҳои дохилӣ сохта шуданд.

Президент Шавкат Мирзиёев корҳо бинокорӣ ва ободониро аз назар гузаронд.Бо аҳолӣ сӯҳбат кард.

  • Вақте ба ин ҷо омадам, вазъият хеле таассуфовар буд. Аз дил гузаронидам, ки ин ҷо хонаи ман, инҳо ҷигарҳоям, фарзандонам мебошанд.Пул ёфта, ин корҳоро кардан осон нашуд.Шукри Худо, ҳамааш гузашт.
    Ин хонаҳо ба шумо насиб кунанд.Акнун ин ободиро давом дода, зиндагии хуб гузаронед, тӯйҳо кунед. Аслан мақсади аз ҳама калони ман — хушбахт дидани ҷавонон аст, — гуфт роҳбари давлатамон.

Дар маҳалла корхонаи дӯзандагии » Либосҳои нафис» ташкил карданд.Дар он беш аз 50 нафар занҳо кор мекунанд.Президентамон бо онҳо сӯҳбат кард.

Эътиборро ба зану духтарон пурзӯртар мекунем.Агар занҳоро розӣ карда тавонем, ҷомеаи мо файзнок мешавад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ